Панҷоҳ вакили порлумони Бритониё хостаанд, филми тасвирии “Маша ва Хирс” (Маша и Медвед), сохтаи Русия, ки дар Тоҷикистон ҳам зиёд мебинанд, аз пойгоҳҳои пахши онлайн бардошта шавад.
Нашрияи The Guardian навишт, намояндагони мардумии Бритониё дар ин бора ба вазири фарҳанг Лиза Нэнди нома фиристоданд.
Мавзуъ пас аз он доғ шуд, ки ширкати Netflix тасмим гирифт ду мавсими нави ин филми тасвириро харида, намоиши онро дар беш аз 100 кишвар, аз ҷумла дар пойгоҳи бритониёии ITVX, тавсеа диҳад.
Вакилони норозии Бритониё гуфтаанд, баъзе аз рафторҳои Маша “муҳтавои ошкорои таблиғотӣ” доранд. Муаллифони нома дар ин маврид ба изҳороти Маркази мубориза бо иттилооти нодуруст дар Украина такя кардаанд.
Дар изҳороти ин марказ гуфта мешавад, ки “Маша ва Хирс” на танҳо филми тасвирӣ, “балки як нерӯи нарми Русия аст”, ки дар он “анъанаҳои мардуми дигар хандахариш шуда, рамзҳои шӯравӣ ва мавзуъҳои низомӣ одӣ ҷилва дода мешаванд”.
Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Эстония низ ин филми тасвириро "бахше аз нерӯи нарми Кремл" номида буд.
Студияи русии Animaccord, ки тавлидгари ин филми тасвирӣ мебошад, ҳамаи иттиҳомҳоро рад мекунад. Намояндаи ин ширкат Мелани Бонвичино гуфтааст, ширкат ҳеч гоҳ аз ҳукумат пул нагирифтааст.