Варзишгарони ин кишвар 12 медал (6 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтаанд. Мақоми дувумро дастаҳои мунтахаби Олмон ва Шведсия, ки ҳар кадом 6 медал (3 тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) доранд, соҳиб шудаанд. Мунтахаби Швейтсария бо 5 медал (3 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2 медали тило, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ), Австрия (2 медали тило ва 3 нуқра), Италия (2 медали тило, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ), Ҷопон (2 медали тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ), Фаронса (1 медали тило ва 2 нуқра), Чехия, Нидерланд, Словения (ҳар кадом бо яктоӣ медали тило ва яктоӣ нуқра) дохиланд.
Дар маҷмуъ, варзишгарони 19 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 12 кишвар бо медалҳои тило мукофотонида шудаанд.
Аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо Латвия медал дорад, ки дар чанатозӣ як нишони нуқра гирифтааст.
Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ бо иштироки наздики 3000 варзишгар аз 91 кишвар дар Итолиё то рӯзи 22-юми феврал идома меёбанд.
Варзишгарон барои 116 маҷмуи медалҳо дар 16 намуд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, чанатозӣ, скелетон, сноуборд, рақси рӯйи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва лижаронӣ-кӯҳнавардӣ рақобат мекунанд.
Аммо Тоҷикистон дар Олимпиадаи зимистона дар Итолиё ширкат надорад. Чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар мусобиқаҳои интихобӣ дар намуди лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026 талош карданд, натавонистанд меъёрҳои олимпиро иҷро намоянд. Бинобар ин, лижаронҳои тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Бояд зикр намуд, ки бори охир варзишгарони тоҷик соли 2014 дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия ширкат варзида буданд. Олимпиадаҳои зимистонаи соли 2018 дар Пйонгчанги Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Пекини Чин бе иштироки намояндагони Тоҷикистон гузаштанд.
Алъон дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст. База ё урдугоҳи лижаронӣ, ки дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар онҷо мусобиқоти байналмилалӣ гузаронида намешавад.