Даҳҳо нафарро дар Русия барои намоз дар берун ҷазо додаанд

Намози Иди Қурбон дар Маскав, моҳи июни 2025

Дар як соли охир дар Русия ҷазо додани муҳоҷирону камшуморон ё ақаллиятҳои миллӣ барои адои намоз дар кӯча ва суҳбат дар бораи арзишҳои динӣ дар маконҳои умумӣ ё хусусӣ зиёдтар шудааст. Аз ҷумла, ду ҷавони тоҷикро ҳам барои ин кор ҷаримаҳои калоне баста, аз Русия ронданд.

Қазияи Аҳмад

Дар шаҳри Маскав як ронандаи таксиро аз Чеченистон барои намоз гузоштан дар назди Идораи бозрасии давлатии автомобилӣ (ГАИ) ҷарима бастанд. Намозгузории Аҳмадро касе дар видео гирифтааст ва пас аз чанд ҳафта ӯро ба “таблиғоти ғайриқонунии динӣ” гунаҳкор карданд. Додгоҳ амр додааст, ки ӯ 5 ҳазор рубл ҷарима пардозад.

Хабари парвандаи мазкурро моҳи июли имсол канали “Этнопреступност” дар Телеграм, як саҳифаи муҳоҷирситезу миллатгаро дар Русия, нашр кард. Аҳмад ба муфаттишони додситонӣ гуфтааст, ба сабаби набудани ҷойи махсуси намозхонӣ дар наздикӣ маҷбур шуда, дар кӯча ибодат кунад.

Сарфи назар аз он ки ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ғавғову ҳаёҳу барангехт, мақомоти Чеченистон онро шарҳ надоданд. Пештар раҳбари ин ҷумҳурӣ, Рамазон Қодиров, ки худро “ҳомии мусулмонон” ва чеҳраи асосии ҷаҳони ислом дар Русия медонад, садо баланд мекард, аммо ин дафъа хомӯш буд.

Рамазон Қодиров

Сиёсатшиноси қафқозӣ, Руслан Айсин, сукути мақомоти Чеченистонро тааҷубовар номида, гуфтааст, “вақти он расидааст, ки Қодиров ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳ ва аз ҳамватани худ ҳимоят кунад. Аммо ҳоло мебинем, ки дар чунин ҳолатҳо Қодиров ва атрофиёни ӯ хомӯширо беҳтар медонанд.”

Мавридҳои дигар

Танҳо дар соли 2025 дар ҳавзаи федералии Қафқози Шимолӣ дар Русия маъмурони пулис дар бораи ба истилоҳ тарғиби ғайриқонунии динӣ 22 парванда боз кардаанд.

Масалан, додгоҳи шаҳри Туапсе Самариддин Солиев ва Ҷалил Саидзода, ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои суҳбат дар бораи дини ислом гунаҳкор донист ва ҳардуро 30-ҳазор рублӣ ҷарима баст. Ҳамчунин амр дод, ки онҳо аз Русия ронда шаванд.

Инро ҳам бихонед:

"Муҳоҷирон дарди сар мехаранд." Баҳси намозгузорӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Русия

Дар вилояти Краснодар додгоҳ шаҳрванди Узбекистон Илҳомбек Болтаевро 30 ҳазор рубл ҷарима баст, зеро ӯ дар майдони сохтмоне ибодатгоҳ ташкил кардааст, ки коргарон онҷо намоз мегузоштанд ва дар бораи ислом суҳбат мекарданд.

Раҳбари ташкилоти мусулмонони "Ихлос" дар шаҳри Таганрог Магомед Кебедов низ панҷ ҳазор рубл ҷарима шуд, чун ба гуфтаи додгоҳ, ӯ дар хонааш ғайриқонунӣ ба дигарон асосҳои исломро дарс додааст.

Намозгузории дастҷамъӣ. Маскав, моҳи марти 2026

Тирамоҳи соли 2024 дар ноҳияи Урвани Ҷумҳурии Қабардино Балқар якбора панҷ нафарро бо иттиҳоми тарғиботи ғайриқонунии динӣ ба ҷавобгарӣ кашиданд. Дар байни онҳо имоми деҳаи Чегем Аҳмат Карданов ва як омӯзгори забони арабӣ ҳам ҳаст.

Сиёсатшинос Руслан Айсин мегӯяд, “дар Русия барои мусулмонон дар иҷрои фаризаҳои динӣ маҳдудиятҳои зиёд гузошта шудаанд. Аммо барои ҷомеаи масеҳӣ имкониятҳои васеъ фароҳам мекунанд, масалан, калисо месозанд ва ба мактабҳо рӯҳониёни масеҳиро даъват мекунанд.”

Ба гуфтаи ӯ, “ин корҳо ҳеч касро ба даҳшат намеорад ва баръакс гуё ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.” Айни замон ӯ ишора мекунад, ки “дар Маскав ҳамагӣ чаҳор масҷид амал мекунад ва бинобар ин савол ба миён меояд, ки мусулмонон, ки бояд дар як рӯз панҷ вақт намоз гузоранд, онро дар куҷо адо кунанд?”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Русия мусулмонон барои намозгузорӣ дар кӯча ҷазо мегиранд