Даҳҳо нафарро аз зиндони Ваҳдат озод кардаанд

Ин зиндониён рӯзи 10-уми июл раҳо шудаанд

Бар асоси қонуни афв 273 зиндонӣ аз маҳбаси шаҳри Ваҳдат озод шудаанд. Ин хабарро 10-уми июл расонаҳои давлатии Тоҷикистон нашр карданд.

Дар гузориши расмӣ, ҷузъиёти бештар дар бораи зиндониёни озодшуда, аз ҷумла иттиҳоми онҳо зикр нашудааст. Гурӯҳе аз сиёсатмадорону мансабдорони собиқ, ки соли 2025 дар доираи парвандаи "табаддуллот" зиндонӣ шудаанд, дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекунанд.

Манобеи огоҳ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ин афрод шомили қонуни афв нашуданд, чун дар парвандаашон банди 306-и Кодекси ҷиноӣ ё талоши ғасби қудрат ҷой дорад.

Қонуни нави афв дар Тоҷикистон, ки 16-уми июни имсол имзо шуд ва ба иҷро даромад, нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён ва онҳое, ки парвандаашон дар ҳоли баррасист, татбиқ хоҳад шуд.

То кунун беш аз чаҳор ҳазор нафар, аз ҷумла қариб сесад зан аз зиндонҳои Тоҷикистон озод карда шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Се хешованди зиндонии Саид Абдуллоҳи Нуриро озод кардаандОзодии беш аз ҳазор маҳбус дар ДушанбеОзодии тақрибан 3 ҳазор кас аз зиндонҳои Тоҷикистон"Pamir Inside": Муҳаммади Султон озод, ҳукми Улфатхоним кам шудАбдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам афв нашудандНаздикони Иззат Амон гуфтанд, "ӯро афв накарданд"