Даҳ сокини ҷамоати Язгулом дар ноҳияи Ванҷ, ки боздошту ҳабси онҳо дар солҳои 2024 ва 2025 сарусадо барпо карда буд, бар асоси Қонуни авф озод шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон онҳоро ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав гунаҳкор дониста, панҷсолӣ аз озодӣ маҳрум карданд, аммо худашон айбномаро напазируфтанд.
Ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми июл гуфтанд, ки яке аз онҳо ҳафтаи гузашта аз зиндони “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе озод шудааст.
“Ӯро дар охири соли 2024 аз Русия оварда, ба зиндон маҳкум карда буданд,” – гуфт яке аз мусоҳибони мо. Номи ӯ ба далели амниятӣ навишта намешавад.
Боздошт ва ҳабси даҳҳо сокини ҷамоати Язгулом дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст, дар солҳои 2024 ва 2005 сурат гирифт.
Дертар чанд нафар аз язгуломиҳое, ки дар маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанбе, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ бо айбномаҳои ҳамсон дастгиру зиндонӣ шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Маънои сиёсӣ надорад." Чаро мехоҳанд номи Жамакро дигар кунанд?Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аксари онҳоро ба ҳамкорӣ бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ” муттаҳам кард.
Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъст. Пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҷангҷӯёни “Ансоруллоҳ” дар хоки Афғонистон аз 200 то 300 нафаранд. Омори нави эҳтимолӣ дар бораи онҳо дар даст нест.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) моҳи январи соли 2025 ба зиндон маҳкум кардани даҳҳо сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро “намунаи поймоли ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” номида, гуфт, “онҳо барои дигарандешӣ ҷазо гирифтанд”.