Дар пайи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як маркази пулис дар минтақаи Ҳангу дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон дар шаби 29 ба 30 июл, дастикам даҳ корманди интизомӣ кушта ва 18 тани дигар захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳамлаварон дар оғоз бо паҳподи хурд ин маркази пулисро ҳадаф қарор доданд ва сипас ба тирандозӣ оғоз карданд.
Зулфиқор Ҳамид, раиси пулиси Хайбар-Пахтунхоҳ ба расонаҳо тасдиқ кардааст, ки даргирӣ байни нерӯҳои пулис ва ҳамлаварон чандин соат идома кардааст. Ба гуфтаи ӯ, даҳ корманди пулис ва 15 ҳамлавар дар ин даргирӣ кушта шудаанд.
Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо мақомоти покистонӣ ҳамеша ниманизомиёнро ба барномарезӣ ва анҷоми ҳамлаҳо ба Покистон аз хоки Афғонистон, муттаҳам кардаанд. Иттиҳоме, ки мақомоти Толибон онро рад кардаанд.
Ин дувумин ҳамлаи мусаллаҳона ба нерӯҳои амниятии Покистон дар ҳафтаи ҷорӣ аст. Рӯзи 25 июл дастикам 15 нафар, аз ҷумла 12 сарбоз дар як ҳамлаи интиҳорӣ ё худкуш дар ноҳияи Танки Хайбар-Пахтунхоҳ, кушта шуданд. Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифта буд.