Даҳ миллион евро барои кам кардани талафоти барқ дар Кӯлоб

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои нав кардани иншоотҳои энергетикӣ дар шаҳри Кӯлоб ва кам кардани талафоти барқ, ба Тоҷикистон 10 миллион евро қарз медиҳад.

Созишномаи мазкур 5-уми август дар Душанбе имзо шуда, аммо шарту шароити қарз эълон нашудааст.

Дар хабарномаи Вазорати молия омадааст, ин маблағ барои таҷдиди шабакаҳои барқ, ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ ва биллинг, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои ҳушманд сарф мешавад.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳам дар гузорише навишт, вазифаи асосии лоиҳа қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти кишвар "дар иваз намудани зерсохтори кӯҳнашуда" аст.

Навор дар Инстаграм:

Талафоти барқ аз мавзуъҳои нигаронкунанда дар бахши энергетикии Тоҷикистон гуфта мешавад. Мутахассисони соҳа куҳна шудани дастгоҳ ва хатҳои барқро аз сабабҳои асосии талафот мегӯянд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли равон дар низоми энергетикии кишвар 1,6 миллиард киловат соат талафоти барқ сабт шудааст, ки 12,9 дарсади барқи умумии тавлидшударо дарбар мегирад.