Фирдавс Салоҳов, яке аз размикорони тоҷикро, ки бо лақаби "Фирдавси Киллер" дар Тоҷикистон машҳур буд ва дар ҷанги Русия дар Украина кушта шудааст, рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Душанбе дафн кардаанд.
Баъзе аз дӯстонаш ва афроди ошно бо ӯ рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Фирдавс Салоҳови 41-соларо дар оромгоҳи Ҳазрати Мавлонои пойтахт ба хок супурданд.
Хабари марги варзишгари тоҷик дар Украина 3-юми августи имсол нашр шуд.
Бино ба гузоришҳо, аз ҷумла ба навиштаи пойгоҳи "Pamir Inside", ӯ 10 сол пеш ба Русия рафта, бо хонаводааш дар шаҳри Санкт-Петербург иқомат ва ба ҳайси мураббӣ кор мекард ва чанд моҳ пеш бо артиши Русия қарордод баста, ба ҷанги Украина рафтааст.
Санаи дақиқи марги ӯ дар Украина маълум нест.
Фирдавс Салоҳов дар маҳаллаи "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе ба воя расида, борҳо дар мусобиқоти муҳорибаҳои омехта дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон пирӯз шудааст.
Мардуми зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хешовандони варзишгар изҳори ҳамдардӣ кардаанд, вале дар ин миён як нафар навиштааст, марги Фирдавс Салоҳов, "як дарс барои он одамонест, ки паспорти русӣ мехоҳанд."
Зоҳиран манзури ӯ шарти мақомоти Русия аст, ки гуфтаанд, ба хориҷиён ва бахусус муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳаққи иқомат доранд, дар сурати бастани қарордод бо артиши Русия ва рафтан ба ҷанги Украина ба осонӣ шиносномаи русӣ медиҳанд.
Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина дар як соли охир номи зиёда аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина ширкат карда, бархе кушта ё нопадид шудаанд.
Қонунҳои Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахт таъйин кардаанд, вале мақомот мегӯянд, нисбат ба касе барои ширкат дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноятӣ боз накардаанд.