Идомаи ҷанҷолу моҷароҳо сари тақсими замин дар Тоҷикистони кӯҳистониву камзамин. Фақат дар соли 2025 дар кишвар тақрибан 13500 мавриди беэътиноӣ ба қонуни замин ва ё риоят накардани он сабт шудааст.
Бештар аз ҳама дар ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз бузургтарин ва сераҳолитарин шаҳрҳои Тоҷикистон ва сипас дар Исфара ва Кӯлоб, ки аз ин назар дар сафи пеш қарор доштаанд. Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарии солонаи ин ниҳод дар Душанбе хабар дод. Ӯ гуфт, сарфи назар аз талошҳои мақомот заминфурӯшӣ ва қонуншиканӣ дар ин самт масъалаи доғ боқӣ мемонад.
Ориф Хоҷазода гуфт: «Нисбат ба талаву тороҷи замин дар шаҳри Исфара, Кӯлоб, Рӯдакӣ, шумо гуфтед. Дар ҳақиқат дар ҳамин шаҳрҳои калон, ноҳияҳои калон, масалан Рӯдакӣ, ки дар гирду атрофи пойтахти кишвар ҳаст. Таваҷҷӯҳи пешвои муаззами миллат нисбати ин масъала зиёд аст, доимо таъкид мекунанд, назорат ҳам мебарем. Роҳбарияташ ҳам чанд бор иваз карда шуд. Охирон боз раиси нави ноҳия таъйин гардид. Ҳамаи мақсаду маром ҳамин аст, ки ҷинояткорӣ нисбат ба замин аз байн бурда шаваду истифодаи самараноку оқилонаи замин таъмин карда шавад.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон кам нашудааст
Барои тақсими ғайриқонунии замин раиси идораи замини шаҳри Исфара боздошт шудааст, раиси ин идора дар шаҳри Кӯлобро низ аз мақомаш гирифтаанд. Раисони ин шаҳру ноҳияҳо низ як моҳ пеш аз вазифа сабукдӯш гаштанд, ки гуфта мешуд, яке аз сабабҳояш хариду фурӯши замин аст.
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ин бора гуфт: «Не. Ман ба пуррагӣ он раисони шаҳру ноҳияҳое, ки аз вазифа рафтанду ба ҷояшон дигар раис таъйин шуд, фақат вобаста ба замин намешуморам, чунки инро вақту соат нишон медиҳад. Боз санҷиши иловагӣ баъд аз он расонаӣ карда мешавад.» Ориф Хоҷазода айни замон афзуд, ба сабаби амалкардҳои ғайриқонунии мақомот, беэътибор кардани қарорҳо дар бораи тақсими замин дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бисёр шудааст.
Ҳуқуқшинос Бахтиёр Насруллоев, ки дар муҳокимаи додгоҳии парвандаҳои ҷанҷолии замин ҳамчун вакили дифоъ зиёд ширкат кардааст, бар ин аст, ки танҳо бо ҷазо додан мушкил бартараф намешавад. Ба қавли ӯ дар бахш бояд ислоҳоти куллӣ сурат бигирад: «Умуман ман чунин ҳисоб мекунам, ки барои моликияти хусусӣ кардани замин иҷозат дода шавад. Вақте ки замин ба соҳибони аслӣ, яъне соҳибмулкон бармегардад, дар ин соҳа мунтазам, оҳиста-оҳиста қонунвайронкунии замин кам мешавад.»
Ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Кӯлобу Исфара аз пурҷамъияттарин воҳидҳои маъмурии Тоҷикистон ҳастанд, ки қариб 1 миллиону 300 ҳазор аҳолӣ доранд. Абдуғаффор Ҳикматуллозода раиси собиқи ноҳияи Рӯдакиро соли 2023 аз мақоми муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон ба раҳбарии ин ноҳия бурданд, то бо таҷрибаи кор дар мақомоти тафтишотӣ аз хариду фурӯши замин пешгирӣ кунад.
Аммо дар ду соли кори ӯ чанд зердасташ бо гумони ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ба сокинон ва тоҷирон боздошт шуданд ва худи ӯ ҳам бар асоси маълумоти расида, дар ин робита бозпурсӣ шудааст. Номи раиси пешини Кӯлоб Бахтиёр Назарзода низ дар пайванд ба судури қарорҳои ғайриқонунии додани замин расонаӣ шуда буд.
Аммо дар ин миён аксаран, мардумони оддие ранҷ мекашанд, ки баъди гирифтани қарор дар бораи насиби онҳо шудани порчае аз замин, дар он бо заҳмату пули зиёди ба сахтӣ ҷамъоварда хона месозанд, вале баъди як ё ду сол раиси наве меояд ва он қарроро беэътибор мекунад. Видеоҳои дилхароше вайрон кардани хонаҳои нимасохта ва доду фарёди занону кӯдакон дар ин миён дар Интернет солҳост, ки чарх мезананд.
Дар соли 2025 беш аз 100 мавриди риоят накардани қонунгузории заминро худи дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии замин, 5670 мавридро идораи ин ниҳод дар вилояти Хатлон ва 4807 мавридро дар Суғд ошкор кардаанд. Дар Вилояти Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин омор мутаносибан 451 ва 2385 маврид будааст.