Даъвати Михаил Галустян ба Тоҷикистон баҳс барангехт

Михаил Галустян. Акс аз бойгонӣ

Михаил Галустян, ҳаҷвнигоре аз Русия, ки дар Тоҷикистон ӯро бештар бо нақшҳои таҳқиромезаш дар мавриди муҳоҷирони корӣ мешиносанд, ба шаҳри Душанбе даъват шудааст.

Ин тасмим эътирози баъзе фаъолонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

"TAS International Group", ки қарор аст дар пойтахти Тоҷикистон бинои баландтаринро бисозад, дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, Галустян 30-юми сентябр дар барномаи фарҳангии ин ширкати сохтмонӣ ҳузур пайдо мекунад.

Намояндагони ширкат ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ҳадафи даъвати Михаил Галустян ҳанӯз посух надодаанд.

Нақши Михаил Галустян дар силсиланамоиши ҳаҷвии “Наша Russia” дар соли 2010 эътирози фаъолони тоҷикро ба бор оварда буд.

Дар ин мазҳакаи телевизионӣ ду муҳоҷири корӣ бо номҳои "Равшан" ва "Ҷамшуд" нодону бесавод тасвир ёфтаанд, ки қоидаҳои одитарини зиндагиро намедонанд ва гуё ба забони тоҷикӣ гап мезананд.

Ин мазҳакаи телевизиониро фаъолони муҳоҷирон таҳқири тоҷикон номида буданд.

Исфандиёри Назар, шоири тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бояд сафари Михаил Галустянро ба Душанбе лағв кунад. Ӯ гуфтааст, нафаре, ки “миллати моро таҳқир кардааст”, набояд ба Тоҷикистон биояд ва мо ба “таҳқиргари худ каф занем”.

Дар айни замон чанде аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки сафари Михаил Галустян ва дидани Тоҷикистони муосир шояд дидгоҳи ӯ ва ҳамназарашонро тағйир хоҳад дод.

Орзу Исоев

Аммо Орзу Исоев, шоир ва рӯзноманигори тоҷик, дар вокуниш ба даъват шудани Галустян аз Русия ба Душанбе гуфт, “мутмаинам, бо омадану дидани ӯ андешаи соири русҳо, ки дар кишварашон мардуми Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷиконро таҳқиру таҳдиду тазйиқ мекунанд, дигар намешавад, зеро сохтор чунин бунёд шудааст."

Ӯ афзуд, "бе Галустян ҳам, русҳои зиёде аз ҷабҳаву ҷанг фирор карда, дар маркази шаҳри Душанбе ва кишварҳои дигар ба фаровонӣ рехтаанд. Мо ҳар рӯз мо онҳоро мебинем. Онҳо аз зебоиҳои Тоҷикистон, аз ободиҳо дар ТикТоку Инстаграм наворҳо пахш мекунанд. Ин, албатта, барои ман қобили қабул аст, аммо ҳеч вақт ба сохторе, ки аслу бунёдаш саркӯбгароёна аст, бо меҳру отифа ҷавоб додан фоида надорад. Инро як навъ тарс мепиндоранд. Галустян меояд, яъне чӣ? Меравад ва саҳначаҳое аз шукӯҳ, шаҳомат ва зебоиҳои мо таҳия мекунад? Ман дар ин марвид шак дорам."

Назари худи ҳунарманд маълум нест.

Михаил Галустян 46 сол дорад ва дар тарҳи телевизионии “Наша Russia” нақши “Равшан”-ро бозӣ кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даъвати Галустян ба Тоҷикистон ҷанҷолӣ шуд