Беш аз 50 давлати узви Созмони Милал дар як изҳороти муштарак аз Русия тақозо кардаанд, ки ба хатми пурра, билофосила ва беқайду шарти ҷанг алайҳи Украина розӣ шуда, музокироти сулҳро аз сар гирад.
Изҳороти муштаракро рӯзи 24-уми август ба муносибати 35-солагии истиқлоли Украина дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Дания Люкке Расмуссен хонд.
Дар изҳорот, аз ҷумла омадааст: "Ин ҷанги бемаънӣ, ки боис ба ранҷу азоби зиёди инсонҳо шуд, бояд билофосила поён ёбад." Дар матн таъкид шудааст, ки Украина ҳанӯз якуним сол пеш ба қатъи бе пешшарти ҷанг розӣ шуда буд.
Амрико ба изҳорот ҳамроҳ нашуд, вале ба даъвати хатми билофосилаи ҷангу азсаргирии музокирот пайваст. Дан Негреа, намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар Шӯрои амният аз Русияву Украина даъват намуд, ки зарбаҳоро ба хонаву дари мардум ва иншооти дигари иҷтимоӣ ва киштиҳо бас кунанд.
“Вақте роҳҳалли ҳарбӣ вуҷуд надорад, рехтани хуни шаҳрвандони бегуноҳ аз мантиқ дур аст,” – гуфт ӯ ва таъкид намуд, ки ИМА омода аст нақши миёнҷиро бибозад ва “ба ояндаи Украина ба ҳайси як давлати мустақилу шукуфо пойбанд боқӣ мемонад”.
Намояндаи Русия Василий Небензя даъват ба музокиротро рад кард. Вай гуфт, "то замоне ки бо Русия бо лаҳни таҳдид суҳбат кардаву воқеиятҳо нодида гирифта мешаванд, ҳеч муколамаи пурмазмуни сиёсию дипломатӣ дар заминаи низоъ бо Украина барпо намешавад."
"Ҳама гуна талошҳои ба мо бор кардани қарори ях задани низоъ ноком мешаванд," -- гуфт Небензя.
Намояндаи Украина Андрей Мелник гуфт, Русия ҷанги саркардаашро бой медиҳад. Ӯ дар айни замон аз кори Шӯрои амният интиқод кард, ки наметавонад Русияро боздорад ва аз шарикон даъват намуд, ки Украинаро бо низоми “Патриот” таъмин кунанд, то ба мушакҳои баллистикӣ муқовимат карда тавонанд. Русия дар Шӯрои амнияти СММ ҳаққи вето дорад.