Даъват аз Тоҷикистон: Аз қонун барои саркӯби озодиҳо сӯиистифода накунед

Қазияи Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ чун намунаи таъқиби ҷиноӣ барои интиқод аз камбудиҳо ёдовар шудаанд

Як иттиҳоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ  бо нашри изҳороте аз афзоиши чораҳои саркӯбкунандаи озодии баён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқод ва аз ҳукуматҳо тақозо кардааст, ки ба ӯҳдадориҳои худ пойбанд бимонанд ва нагузоранд, озодиҳои маданӣ ва дастрасӣ ба иттилооту саркӯби журналистон идома ёбад.

Ин изҳорот рӯзи 11 май дар сомонаи созмони Ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (International Partnership for Human Rights) нашр шуд ва онро инчунин Бюрои қазоқистонии ҳуқуқи инсон, Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва Ташаббуси Туркманистон барои ҳуқуқи инсон имзо карданд. Ин изҳорот дар ҷаласаи САҲА оид ба баррасиҳои вазъи ҳуқуқи инсон дар Вена муаррифӣ гардид, ки рӯзҳои 11-12 май ҷараён дорад.

Созмонҳо аз афзоиши фишори ҳуқуқӣ, фаннӣ ва иттилоотӣ дар минтақа барои саркӯби дигарандешон, маҳдуд кардани фазои маданӣ ва дастрасӣ ба иттилоот дар бахши рақамӣ изҳори ташвиш кардаанд. Дар паём, аз ҷумла, омадааст: “Мо аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунем, ки ӯҳдадориҳои худро дар заминаи таъмини ҳуқуқи инсон иҷро карда, сӯиистифодаи қонунро барои ҳадаф гирифтани озодии баён дар интернет ва озору азияти аъзои ҷомеаи шаҳрвандиро бас кунанд ва озодии фазои иттилоотии маҷозиро таъмин намоянд”.


Қазияи Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ

Дар изҳорот дар робита бо ҳабси дасти кам даҳ журналисту блогер дар Тоҷикистон ҳам чун намунаи саркӯб ёдовар шудаанд.

“Дар Тоҷикистон шумори рекордии хабарнигорону блогерон ҳоло дар пушти панҷара қарор доранд ва бовар меравад, ки иттиҳоми онҳо чун қасос барои гузоришу фаъолиятҳои интернетии онҳо мебошанд, - омадааст дар изҳорот. – Дар миёни онҳо журналистон Далер Бобиев (Далери Имомалӣ) ва Абдулло Ғурбатӣ ҳам ҳастанд, ки соли 2022 ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Пеш аз ҳабс онҳо бо як канали сербинандаи YouTube ҳамкорӣ мекарданд, ки масъалаҳои тахриби ғайриқонунӣ ва сӯиистифодаи мақомоти маҳаллиро бозтоб дода, сиёсати давлатро ошкоро интиқод мекард. Қазияи онҳо мавриди нигарониҳои ҷиддии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи СММ гардидааст”, мегӯяд изҳорот.

Соли 2022 Далери Имомалиро додгоҳе дар Душанбе бо айбномаи соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ даҳ сол аз озодӣ маҳрум намуд. Худаш онро беасос номидааст. Дар ҳукми Абдулло Ғурбатӣ поёни соли 2022 додрас гуноҳи ӯро задану таҳқири намояндаи ҳокимият ва пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ номида, ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ҳам ин ҳукмро беасос донистааст. Баъди соли 2022 ба мисли Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ дастикам ҳашт хабарнигору блогери дигар ҳам аз 7 то 21 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Матни изҳороти фаъолони ҳуқуқ инчунин аз масдуд шудани пойгоҳҳои интернетии мустақил дар Тоҷикистон ва Узбекистон ёдовар шудааст. Он мегӯяд, соли 2022 дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар паи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ “на танҳо озодии баён саркӯб шуд, инчунин талошҳои сабтиноми ҳолатҳои вайрон кардани ҳуқуқ ва ёрӣ ба ҷабрдидаҳо ҳам” бо ҷазои сангин рӯбарӯ шуд ва масдудкунии сомонаву пойгоҳҳои зиёде ба мушоҳида расид.

Дар бораи вазъи сахти матбуот дар Тоҷикистон дар як ҳамоише санаи 4 май дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён дар Душанбе ҳам сӯҳбат шуд. Худсонсурӣ, тарс аз таъқибу ҳабс, то рафт мушкил шудани дастрасӣ ба иттилоот танҳо чанде аз мушкилоти матбуоти мустақили Тоҷикистон номида шудааст.

Шохис ё раддабандии озодии баён дар 180 давлат, ки онро созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз таҳия мекунад, гуфт, имсол Тоҷикистон бо мақоми 155-умаш яке аз кишварҳои саркӯбкунандаи хеле ҷиддии матбуот аст ва нишондодҳояш сол то сол бадтар мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Баҳси “даҳони баста”-и рӯзноманигорони тоҷик дар ДушанбеЖанна Кавелйе: Дар Тоҷикистон саркӯби бераҳмонаи матбуот идома дорадAI: Аз байн бурдани "лайк" кори дуруст буд, вале вазъ зиёд тағйир накард "Ягон машваратро иҷро накард." Гузориши HRW ба СММ дар бораи Тоҷикистон"Фазо ба ҳадди зарурӣ озоду мусоид нест." 30 соли "Азия-Плюс"