Ин ҳавопаймои "Боинг 737" аз фурудгоҳи Домодедови Маскав ба шаҳри Қазон парвоз карда, пеш аз суқут ба садама дучор шудааст.
Аз шӯъбаи ҳолатҳои изтирории Қазон ба хабаргузориҳо иттилоъ додаанд, ки ин ҳавопаймо 500 метр то хати суқути фурудгоҳ, бо сабаби омода набудан ба суқут дучори сонеҳа шудааст.
Тибқи хабарҳои расида дар ҳавопаймо 44 мусофир ва 6 сарнишин ҳузур доштаанд, ки касе аз онҳо зинда намондааст. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба радиои Озодӣ гуфт, ки миёни ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Вале миёни мусофирон гуфта мешавад, писари калонии раиси ҷумҳури Татаристон Ирек Минниханов ва роҳбари Хадамоти амнятии Русия дар Татаристон Александр Антонов, ҳам будаанд. Ҳамчунин миёни мусофирон як шаҳрванди хориҷӣ - шаҳрванди Бритониё ҳам қарор доштааст.
Яке аз наздикони ҳалокшудаҳо дар назди рӯихати шахсони ҳалокшуда дар ин сонеҳа.
Бо як фармони раиси ҷумҳури Татаристон имрӯз - душанбеи 18-уми ноябр рӯзи мотам эълон шудааст.