CNN: Уиткофф ва Кушнер барои музокира бо Эрон ба Исломобод рафтанд

Фиристодаи вижаи президенти ИМА Стив Уиткофф ва мушовири Доналд Трамп Ҷаред Кушнер ба Исломобод мераванд, то дар музокироти эҳтимолӣ бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ иштирок кунанд. Дар ин бора CNN бо такя ба манбаъҳои худ хабар медиҳад.

Муовини президент Ҷей Ди Венс, ки дар мулоқоти пешина бо мақомоти Теҳрон раҳбари ҳайати амрикоӣ буд, феълан нияти сафар надорад, чун раиси маҷлиси Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф дар ин муколама иштирок намекунад. Айни замон, дар сурати пешрафт дар музокираҳо Венс барои сафар ба Покистон омода мебошад.

Ароқчӣ ҳам дар доираи як сафари дипломатӣ дар баробари Покистон ният дорад ба Русия ва Уммон ҳам парвоз кунад. Ароқчӣ дар шабакаи Х навишт: “Мақсади сафарҳои ман ҳамоҳангии танготанги масоили ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳампаймонҳои мо ва ҳам машварат дар робита бо ҳодисаҳо дар минтақа мебошад. Ҳамсояҳои мо дар авлавияти мо қарор доранд”.

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар Исломобод дипломати аршади эронӣ мавқеи кишварашро дар заминаи идомаи музокирот бо ИМА матраҳ мекунад. Дар Покистон як ҳайати амрикоӣ қарор дорад, ки бо корҳои ёридиҳанда машғул аст ва салоҳияти пешбурди музокиротро надорад.

Хабаргузории эронии Тасним гуфт, ки дар доираи сафари Ароқчӣ ба Исломобод ҳеҷ музокироте бо намояндагони Амрико дар назар гирифта нашудааст.

Эрон мисли гузашта талаб дорад, ки муҳосираи бандарҳояш хотима ёбад ва ин пешшарти асосии идомаи музокирот мебошад. Дар матбуот гузоришҳое нашр шуд, ки шояд Қолибоф аз тими музокиракунанда хориҷ карда мешавад. Бино ба иттилои манобеи исроиливу мухолифони Эрон, эҳтимолан ихтилофе бо намояндагони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва нокомӣ бар сари пешниҳоди бозкушоии қисме аз гузаргоҳи Ҳурмуз барои киштиҳо пеш омадааст.

Матбуоти расмии эронӣ хабарҳо дар бораи истеъфои Қолибофро рад карда гуфтанд, ки ӯ корашро дар Маҷлис идома медиҳад ва ҳайати тими музокиротӣ ҳанӯз пурра таъин нашудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мувофиқати Лубнону Исроил ба тамдиди оташбас. Трамп гуфт: "Мебинем"Эрон ду киштии хориҷиро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз боздошт кардДоналд Трамп оташбас бо Эрон дароз кард