Аз роҳу хонаҳои вайрона то пинҳонгоҳ. Зарбаи сахти ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ ба ғайринизомиён. АКС

Акс аз наворест, ки рӯзи 28-уми сентябр дар сомонаи расмии Вазорати дифои Озарбойҷон гузоштаанд. Ҳамлаи Озарбойҷон ба маҳалли ҷудоиталабони арманӣ дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ. 

Вазорати дифои Арманистон бо нашри наворе гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар як зиреҳпӯши Озарбойҷонро нобуд кардаанд.

Марде дар шаҳри Тартари Озарбойҷон зарари расида аз тирандозиро нишон медиҳад

Ин акс тавассути Вазорати корҳои хориҷии Арманистон паҳн шуд. Дар он мутахассисон ба як ғайринизомӣ ёрии тиббӣ мерасонанд, ки бовар меравад дар ҷанг маҷруҳ шудааст.

Роҳҳои вайроншуда дар шаҳри Тартари Озарбойҷон

Марде дар миёни як хонаи вайрона тасвир ёфтааст, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ бар асари тирборони нирӯҳои озарбойҷонӣ осеб дидааст. Шаҳри Ҳадрут дар минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ

Гуфта мешавад, ин бино дар пайи тирпаронӣ осеб дидааст. Шаҳри Тартари Озарбойҷон

Роҳ ва сохтмони вайрона дар шаҳри Тартари Озарбойҷон

Занони арманӣ дар пинҳонгоҳе дар Степанакерт дар маркази Қаробоғи Кӯҳӣ ҳастанд

Дарвозаи осебдида дар канори шаҳри Тартари Озарбойҷон

Ин видеоро Вазорати дифои Озарбойҷон нашр кард

Ин мард дар шаҳри Тартари Озарбойҷон мегӯяд, ки аз тирандозиҳои ахир дӯконаш осеб дидааст. 

Мардум барои пешвоз аз нирӯҳои Озарбойҷон дар канори роҳе дар шаҳри Боку истодаанд 

Харобиҳои баъди даргирӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ. Аксро Вазорати умури хориҷии Арманистон нашр кард.

Як гулӯлаи мунфаҷирнашудаи тӯп дар роҳе дар канори шаҳри Тартар

Ин аксро Вазорати умури хориҷии Арманистон пахш кард, ки дар он харобаҳои баъд аз даргирӣ дар марзи Арманистону Озарбойҷон тасвир ёфтааст.

Ҳангоми мушоҳидаи хисороте дар шаҳри Мартуни, ки гуфта мешавад аз тирборони нирӯҳои Озарбойҷон дар Қаробоғи Кӯҳӣ расидааст.

Нишоне аз харобиҳои ҷанги байни нирӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон. Акс тавассути Вазорати умури хориҷии Арманистон паҳн шудааст.

Ин аксро Вазорати корҳои хориҷии Арманистон паҳн кардааст 

Намое аз хонаи вайроншуда дар шаҳри Мартуни, дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Мардум аз тарси бомбҳо дар паноҳгоҳе ҷамъ мешаванд