"Чойхонаи моро баргардонед". Баҳси муассисон бо мақомоти Конибодом

Сокинони норозӣ аз маҳрум шуданашон аз чойхона

Дар шаҳри Конибодом муйсафедони як маҳал бо мақомот сари як чойхонае баҳс доранд, ки ба гуфтаашон, 35 сол пеш бо талошу заҳмати онҳо сохта  шудааст. Ҳоло  чанд моҳ боз нафарони дигар ба дари он қулфу муҳр задаанд.

Тибқи санадҳое, ки ба Радиои Озодӣ нишон доданд, исми он Чойхонаи “Саховат” ва соҳибмулки он «Кумитаи маҳаллаи Нафтчиён» мебошад.

Вале соли 2018 раиси пешини ҳукумати Конибодом онро ба ихтиёри давлат гузаронида, ба воситаи Идораи амвол ба як соҳибкори маҳаллӣ фурӯхтаааст. Баҳси додгоҳии байни тарафҳо аз соли 2023 шурӯъ шуда ва то моҳи январи имсол давом кардааст.

Абдуманнон Узоқов, муовини раиси Кумитаи маҳаллаи Нафтчиёни Конибодом дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин баҳс гуфт: “Судиҷрочӣ ду мардикорро даъват карду парчамро канд. Таблои Кумитаи маҳалларо канда шикастанд. Дар дохил сурати президентамон буд, онро канда партофтанд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро бароварда ҳамин ҷо монданд. «Агар инҳоро гирифта наравед ба КЖК (идораи ободонӣ) месупорам, нест шуда меравад», гуфтанд”.

Масъули Кумитаи маҳаллаи Нафтчиён мегӯяд, ки дар зинаҳои аввал мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъаларо ба фоидаи онҳо ҳал карданд, вале дар зинаҳои баъдӣ боз соҳибкори маҳаллӣ дастболо шуд. Муйсафедон дар пушти ин кор асосан мақомдорони пешини Ҳукумати шаҳр ва ҳам сардори идораи амволи давлатиро муқассир медонанд, ки баъзеи онҳо феълан зиндонӣ гаштаанд. Маълум нест, ки дар парвандаи онҳо ин масъала низ ҷой дорад ё не.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Чойхонаи моро баргардонед, худамон заҳмат кашидем"

Зафар Абдуҷабборов, сокини шаҳри Конибодом мегӯяд, бунёди чойхона бо талошу ташаббуси сокинони маҳаллӣ имконпазир шуд: “Ба 25 ҳазор сомонӣ хайр карда як сокини инҷо ҳавзи оби ошомиданиро сохта дод. Ҳоло аз ин ҳавз ҳама истифода мекунад. Лекин дар умум чойхонае, ки ҳамин қадар меҳнат карда сохта будем, 24 ҳазор сомонӣ нарх монду фурӯхт».

Ба гуфтаи онҳо, дар ҳудуди чойхона ҳуҷраи кории масъулони Кумитаи маҳаллаи Нафтчиён, намояндаи шӯрои собиқадорону занон, қассобхона ва хонаи мӯйсафедон амал мекард. Ҳоло кумитаву ҷамъиятҳо аз фаъолият бозмонда ва дигарон беҷой мондаанд.

Обидҷон Ашӯров, сокини шаҳри Конибодом мегӯяд, чойхона як маҳфиле барои сӯҳбату мулоқоти пиронсолони маҳаллӣ буд: “Ҳамаамон нафақахӯр ҳастем. Як ҷои нишаст надорем дар маҳалла. Ҷое, ки худамон сохта будем, ба он соҳиб шуда наметавонем. Барои ҳамин намедонем, ки чӣ кор кунем?”.

Мӯйсафедон мегӯянд, ки чойхонаи «Саховат» дастикам барои чор маҳаллаи шаҳр ҷои ҷамъомаду истироҳат дониста мешуд, ки беш аз 500 оила дар он зиндагӣ мекунанд ва як қисмати аъзамаш калонсолон ҳастанд. Масъулони Кумитаи Маҳаллаи Нафтчиён мегӯянд, ки ба ҳама мақомоти дахлдор муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа мондааст. Онҳо мехоҳанд, Ҳукумати шаҳри Конибодом як бори дигар ҳамин масъаларо омӯхта, чойхонаро дар ихтиёри муассисонаш қарор диҳанд.

Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба худи муроҷиаткунандагон ва баъзе аз намояндагони Ҳукумат дар сӯҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳалли масъала тариқи Додгоҳ бояд сурат бигирад. Зеро ҳар кори мумкинро мақомоти маҳаллӣ иҷро кардааст. Мӯйсафедон мегӯянд, ки кӯшишашонро идома медиҳанд ва дархост доранд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қазияашон бетараф набошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Корамон афтодааст ба онҳо. Бо ягон қонун кор намекунанд." Эътироз ба тасмими тахриби як бинои қадимӣ дар Хуҷанд"Хонаеро, ки президент дод, аз мо мегиранд"Сари бунёди як бино дар канори Хуҷанд даъво бархостаастЯк шаҳрванди Узбекистон мехоҳад хонаашро дар Душанбе ба ӯ баргардонанд. ВИДЕО