Чойхонаи "Харбуза" дар Ҳисор харидор наёфтааст

Чойхонаи "Харбуза". Акс аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ

Чойхонаи "Харбуза" дар шаҳри Ҳисор ин бор ҳам харидоре наёфтааст.

Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон онро бори севум 11-уми март бо арзиши беш аз 3 миллиону 600 ҳазор доллар ба фурӯш гузошт.

Вале як намояндааш ба хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 13-уми март гуфтааст, "савдо нашуд. Пешниҳод низ нашуд. Дигар иншоотро хариданд, инро нахариданд."

Чойхонаи "Харбуза", ки сохтмони онро ба Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки миллӣ ва "Агроинвестбонк", пайванд медиҳанд, дар гузашта хусусӣ буд. Аммо дар пайи қарздории "Агроинвестбонк" ба ҳисоби давлат гузашт.

Чойхонаро дар соли 2015 ва бахшида ба 3000-солагии шаҳри Ҳисор бунёд кардаанд.

Мақомот ҳангоми ифтитоҳи чойхона гуфта буданд, ки 100 кас дар он кори доимӣ пайдо хоҳад кард, вале “Харбуза” ҳамагӣ се моҳ фаъол буд.

Радиои Озодӣ соли 2016, як сол баъди боз шудани “Харбуза”, дар бораи он гузорише таҳия кард, ки чойхона дигар кор намекард, бомаш мечакид ва бино таъмирталаб буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Харбуза"-и маъруф, вале холии Ҳисор