Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва ҳамтои чиниааш Ванг И, рӯзи чоршанбе, 6 май дар Пекин мулоқот карданд.
Дар баёнияе, ки Вазорати корҳои хориҷии Чин аз музокироти ин ду дипломати баландпоя нашр кард, гуфта шудааст, вазири корҳои хориҷии Чин хостори поёни танишҳо дар Ховари Миёна ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз "дар зудтари вақт" аз сӯи Эрон ва Амрико шуд.
Дар баёния аз ҷумла омадааст, "Чин ба ин бовар аст, ки даргириҳо бояд бе таъхир ва ба сурати комил қатъ ёбад. Оғози дигарбораи таниш ғайри қобили қабул аст ва идомаи музокирот ҳамчунон зарурӣ мебошад".
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки Чин аз "ҳаққи машруъ"-и Эрон барои "истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ", дифоъ мекунад.
Шаби гузашта Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар вокуниш ба сафари Аббос Ароқчӣ ибрози умедворӣ карда буд, ки Пекин мустақиман ба Теҳрон бигӯяд, ки иқдомоти Эрон дар тангаи Ҳурмуз боиси дар инзивои ҷаҳонӣ қарор гирифтани ин кишвар мешавад.
Вазири корҳои хориҷии Амрико ҳамчунин ҳушдор дод, агар ширкатҳо ё ниҳодҳои чинӣ таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро нодида бигиранд, мумкин аст бо таҳримҳо рӯбарӯ шаванд.