Чин аз сентябр содироти бесарнишинҳоро маҳдуд мекунад

Акс аз бойгонӣ

Чин тасмим гирифтааст, аз 1-уми сентябри имсол содироти ҳамагуна ҳавопаймоҳои бесарнишин ё худ дронро, ки метавон бо ҳадафҳои низомӣ истифода бурд, маҳдуд кунад.

Вазорати савдои Чин хабар дода, ки ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар “паҳншавии силоҳи қатли ом” гирифта шудааст.

Хабари маҳдудшавии содироти дронҳо дар пасманзари танқиди Амрико ва ҳампаймонҳояш аз Чин барои содироти молҳои низомӣ ба Русия нашр мешавад.

Раҳбарони НАТО чанде пеш дар эъломияи муштарак гуфтанд, ки Чин дар ҷанги Русия зидди Украина "омили калидӣ" ба ҳисоб меравад. Зеро пуштибонии ҳамаҷонибаи он аз бахши дифоӣ-саноатии Русия ба Маскав имкон медиҳад, ки ба ҷанг идома диҳад.