Чаро шикояти зидди Тоҷикистон дар Шӯрои СММ баррасӣ нашуд?

Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар Женева рӯзи 3-юми июл аз муҳокимаи боз ва ҳамаҷонибаи шикоят дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон худдорӣ кардааст. Раиси Шӯро гуфтааст, Душанбе дар пайванд ба ин шикоят "чораҳо" ва "уҳдадориҳо"-ро пешниҳод кард, вале онҳоро ошкор нанамуд.

Люси МаКернан, муовини раиси Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Женева, як созмони бонуфузи байнулмилалӣ, мегӯяд, набудани муҳокимаҳои бозу шаффоф "вазъи бе ин ҳам сангини ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон вазнинтар мегардонад." Вай рӯзи 7-уми июл дар як нигоштааш ниҳоди вобаста аз Созмони Милали Муттаҳидро барои чунин рафтор танқид кард.

Люси МаКернан

Хонум МаКернан гуфт, аъзои Шӯрои Ҳуқуқи Башар барои пайгирии "чораҳо" ва "уҳдадориҳо"-и ҳукумати Тоҷикистон бояд бо ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нозирони мустақил як муҳокимаи умумиро баргузор кунад. "Дар Тоҷикистон, ба монанди ҳар ҷойи дигар, шаффофият калиди ҳақиқии мубориза бо поймоли ҷиддии ҳуқуқи одамон аст," – илова кард ӯ.

Муовини раиси Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 7-уми июл дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ асли қазияро чунин баён кард: "Президент 3-юми июл дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар Женева гуфт, шикояте, ки нисбат ба Тоҷикистон омадааст, бо қарори аъзои Шӯро аз баррасӣ берун карда мешавад. Дар айни замон, мо дар бораи муҳтавои шикоят маълумоте нагирифтем. Аз ҷумла, нафаҳмидем, ки гап дар бораи кадом ҷабрдидаҳо меравад ва Шӯро ба ин шикоят чӣ вокуниш кардааст. Ин маълумот махфӣ аст. Қарор буд, ки дар робита бо ин шикоят се ҷаласа барпо шавад. Аз маълумоти сабтшуда метавон хулоса кард, ки шикоят чандин сол, ҳадди ақал як сол боз, мунтазири баррасӣ буд."

Радиои Озодӣ: То ҳол Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ба танқиди шумо дар ин замина вокунише накардааст, аммо чун намояндаи Human Rights Watch чӣ интизор доред ва мехоҳед чӣ масъалаҳое дар бораи Тоҷикистон аз ин минбар баррасӣ шавад?

Люси МаКернан: "Мо медонем, ки дар робита бо Тоҷикистон бояд чанд масъала мавриди муҳокимаи боз қарор дошта бошад. Масалан, мо медонем, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саркӯби пурхушунати эътирозгарон рӯй дод ва ҷавобгарӣ барои истифодаи зӯр аз тарафи нерӯҳои амниятӣ дар ин ҳодиса бисёр заиф буд. Дар бораи боздоштҳо медонем. Масъалаи дуюм мурофиаи ҳомиёни ҳуқуқ, вакилон, журналистон ва дар пайи ин ҳукмҳои тӯлонӣ ба ҳамаи мунаққидон аст. Инчунин, мо хабар дорем, ки дастикам панҷ фаъоли помирӣ дар зиндон ҷон доданд. Онҳо дар мурофиаҳои сохтаву ноодилона маҳкум шуда буданд. Ин танҳо чанд масъалаест, ки дар қатори дигар мушкилоти ҷории ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имкони муҳокима шудан дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милалро дорад."

Наворро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро шикоятҳои зидди Тоҷикистон баррасӣ нашуд?

Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал як ниҳоди баландпояи байнулмилалӣ аст, ки бештар баҳсҳои вобаста ба поймоли ҳуқуқи шахсони алоҳида, камшуморон ё ақаллиятҳо ва гурӯҳу созмонҳои дигарро баррасӣ мекунад. Ҳуқуқи онҳое, ки аз ҷониби ҳукумату давлатҳо нақз шудааст. Хулосаҳои ин ниҳод ҳарчанд машваратӣ ё тавсиявӣ аст, боис ба обрӯрезии кишвари поймолкунандаи ҳуқуқи инсон мешавад. Ҳукумати Тоҷикистонро баъд аз ҳодисаҳои солҳои 2021-2022 дар ВМКБ ва саркӯби пурхушунати эътирозҳо, ки боис ба марги даҳҳо нафар ва ҳабси садҳо тан гардид, зиёд танқид мекунанд.