Чаро мақомоти Тоҷикистон омори тобути муҳоҷиронро намегӯянд?

Акс аз бойгонӣ

Роҳбарони ду ниҳоди давлатии Тоҷикистон аз гуфтани омори интиқоли тобутҳо аз Русия ва кишварҳои дигар ба Душанбе худдорӣ карданд.

Хабарнигорон рӯзи 13-уми июл аз вазири кору муҳоҷират пурсиданд, ки дар нимаи аввали имсол пайкар ё ҷасади чанд нафар аз хориҷа ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Намояндагони вазорат аз посух додан ба ин суол худдорӣ карда, гуфтанд, "масъаларо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пеш мебаранд". Дар ҳоле ки қаблан Хадамоти муҳоҷират, як ниҳоди зери итоати Вазорати меҳнат, ин оморро эълон мекард.

Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми июл аз гуфтани омори овардани тобут аз тариқи фурудгоҳҳои кишвар худдорӣ кард.

Соли 2025 танҳо ба воситаи фурудгоҳҳои Душанбе ва Кӯлоб 1623 тобути шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия ба ватан оварда буданд.

Омори овардани тобут ба Тоҷикистон то оғози ҷанги Русия алайҳи Украина ҳамеша дастрас буд.

Давоми чоруним соли ҷанг хабарҳо аз кушта шудани даҳҳо тоҷикистонӣ дар Украина ва интиқоли ҷасади онҳо ба ватан расонаӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин мавзуъ эҳтиёткоранд ва зиёд суҳбат намекунанд.