"Вобастагӣ аз Кремл". Чаро мақомот ҳузури тоҷиконро дар ҷанг эътироф намекунанд?

Ҳабибулло Воҳидзода, Рамазон Раҳимзода ва Умед Бобозода

Бо вуҷуди расонаӣ шудани ҳузури садҳо тоҷик дар ҷанги чаҳорсолаи Русия зидди Украина, мақомоти Тоҷикистон ширкати шаҳрвандони худро дар ин ҷанг намепазиранд. Тарҳи украинии "Зистан мехоҳам" соли гузашта дар се рӯйхат номи қариб ду ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз тарафи Русия дар ҷанг ширкат кардаанд. Ҳамин тарҳ моҳи феврали имсол дар бораи кушта шудани 466 нафари онҳо гузориш дод.

"Қисми зиёди онҳо шаҳрванди Русия ҳастанд"

Ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон барои ширкат дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ҷазои сахт пешбинӣ кардааст, мансабдорони тоҷик тавзеҳи дигар доранд. Умед Бобозода, Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон, гуфт, “қисми зиёди онҳо шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд”.

Ӯ афзуд, “мо медонем, ки душаҳрвандӣ ҳаст ва онҳоро ҳамчун шаҳрванди Русия ба низои мусаллаҳона сафарбар мекунанд. Ман бо хонум Москалкова (Омбудсмени Русия) дар ин бора гап задам. Вай ҳам мегӯяд, ки онҳо ҳамчун шаҳрванди Русия фиристода мешаванд. Касе, ки шаҳрвандии Русияро надораду ҳамчун шаҳрванди мо меравад, ин ҷиноят аст.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Бояд меомаду зан мегирифт". Марги тоҷики 22-сола дар ҷанги Украина

Аз оғози ҷанги Русия дар Украина даҳҳо хабару гузориш ва аксу видео дар бораи ширкат, асир афтодан ва кушта шудани тоҷикон ба нашр расид. Шабнам Одиназода, сокини деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент, моҳи декабри соли 2025 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародари 25-солааш Лоиқ Одиназода охири соли 2023 аз тарафи Русия ба ҷанги зидди Украина бурда шуд ва аз он замон бедарак аст.

Аз он пеш Мавҷуда Давлатова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писараш Шарифбек Зулфиқоров моҳи октябри соли 2022 аз зиндон ба ҷанг дар Украина бурда шуда, аз он замон то ҳоло ҳеч тамос ё хабаре аз ӯ надоранд.

"Ягон уҳдадорӣ ҳам надорем дар ин масъала"

Пайкари баъзе аз кушташудаҳои ин ҷанг ба Тоҷикистон овардаву дафн шуданд. Мақомот то кунун на ба тарҳи "Зистан мехоҳам" дар Украина ва на ба матолиби расонаҳо ҳеч вокуниши расмие надоштанд. Додситони кулли Тоҷикистон иқрор мешавад, ки то ин дам ягон парвандае дар ин замина боз нашудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ гуфт: "То имрӯз дар бораи чунин ҳолатҳо маълумоти дақиқ ва расмӣ нест. Масалан, хешутабори шаҳрванд муроҷиат мекунад, ки ӯро маҷбур доранд, ки рафта дар муҳорибаҳо иштирок кунад. Вақте ба ҷониби Русия мактуб мефиристем, ин ҳолатҳо тасдиқ намешаванд. Ё ин шаҳрванд аз ҳудуди ин давлат баромада рафтааст."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Баъди 3 моҳ бармегашт". Як маҳбуси тоҷик дар ҷанги зидди Украина бедарак шудааст

Моддаи 401 ба иловаи яки Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ҷалб ва ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъҳои мусаллаҳона ба нафъи кишварҳои дигар аз дувоздаҳ то бист сол зиндон ҷазо муқаррар кардааст. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, онҳо дар ин замина ҳеч масъулият надоранд.

Рамазон Раҳимзода гуфт: "Аввал ин ки чӣ қадар аз шаҳрвандони мо дар ҷанги Украина ҷанг карда истодаанд ё наистодаанд, мо ягон ҳисобот намебарем, ягон уҳдадорӣ ҳам надорем дар ин масъала. Дуюм, ягон нафар барои иштирок дар ҷанги Украина ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст."

Ҳарчанд бархе раҳбарони мақомоти қудратӣ ба ҷиноят будани ҳузури тоҷикон дар ҷанги Русия дар Украина ишора мекунанд, иддао мекунанд, ки маълумоти дақиқе вуҷуд надорад.

Сабаби "чашмпӯшӣ" чист?

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар хориҷ, мегӯяд, ҷавонони зиёди тоҷик, ки ҳанӯз шаҳрвандии Русияро надоранд, ба ҷанг бурда мешаванд, вале мақомот ба далели сиёсӣ ба ин мавридҳо чашм мепӯшанд.

"Чаро ба зидди инҳо парвандаи ҷиноӣ боз намешавад? Сабаб ҳамин аст, ки вобастагии сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аз Кремл. Ҳукумати Тоҷикистон ба зидди касоне, ки дар ҷанги Русия иштирок мекунанд, парванда намекушояд. Ба инҳо чашм мепӯшад. Аммо ҳар нафаре, ки бар зидди ҳукумати имрӯза изҳори норизоӣ мекунад, ба Тоҷикистон равон карда мешаванд," – афзуд ӯ.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор

Таҳқиқи мустақилонаи Радиои Озодӣ аз даҳҳо мавриди ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷанг пардабардорӣ карда буд. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз маҳбасҳои Русия бо шарти озод шудан аз идомаи адои ҷазо ва дарёфти шаҳрвандии ин кишвар ба ҷанг бурда шудаанд.

Садҳо муҳоҷири тоҷик шикоят доранд, ки бо камтарин қонунвайронкунӣ аз сӯйи мақомоти қудратии Русия пешниҳоди ҷанг дар Украинаро мегиранд. Ва як далели бозпас гардондани бархе аз муҳоҷирони тоҷик аз фурудгоҳҳои Русия напазируфтани чунин пешниҳод будааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳузури тоҷикон дар ҷанги Украина ва назарҳои гуногуни мақомот