Аз як сӯ Эрон, аз сӯе Амрико. Чаро Душанбе таҳдидҳоро нодида мегирад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои эронияш Масъуд Пизишкиён дар шаҳри Душанбе. Моҳи январи 2025

Дар замоне ки Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, кишварҳои ҳамкори Эронро мавриди таҳрим қарор диҳад, Тоҷикистон овардани нафти хом ва сӯзишвориро аз Ҷумҳурии Исломӣ оғоз намуд. Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манбаъҳояш дар Вазорати энергетика навишт, Тоҷикистон аз Эрон беш аз дувуним миллион тонна сӯзишворӣ дархост намуда, тибқи созиш вуруди нафти хом моҳи август шуруъ шудааст. Дар бораи нарх, миқдор ва тарзи овардани ин мавод чизи бештаре гуфта нашудааст.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Украина ба полоишгоҳҳои Русия Маскав содироти сӯхтро маҳдуд кард ва Тоҷикистон интихоби дигар надорад.

Ӯ афзуд, "то навад дарсади нафту бензинеро, ки мо истифода мекунем, аз Русия меовардем. Ҳозир Русия роҳи овардани бензину газро баст ва Тоҷикистон, на танҳо Тоҷикистон, тамоми Осиёи Марказӣ дар вазъи ногувор қарор дорад."

"Касе истино нахоҳад буд"

Эдвард Лемон

Шореҳи амрикоӣ Эдвард Лемон тахмин мекунад, ки наздикшавии Теҳрону Душанбе аз назари Вашингтон дур нахоҳад монд: "Ба фикрам, дар чунин вазъият ҳукумати Тоҷикистон бояд мадди назар дошта бошад, ки маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп тасмим дорад, кишварҳои ҳамкори Эронро ҳам мавриди таҳримҳои сонавӣ қарор диҳад. Дар шароити идомаи амалиёти Амрикову Исроил бар муқобили Эрон, ин кишварҳо ба Ҷумҳурии Исломӣ ба истилоҳ "лайфлайн" ё "таноби наҷотбахш" ҳавола мекунанд."

Маъмурияти Доналд Трамп моҳи август ҳушдор дода буд, ки ҳамкорони Ҷумҳурии Исломӣ баҳои гарони ин амалро пардохт хоҳанд кард. "Касе истисно нахоҳад буд, мо ҳар як нафарро ҷавобгар хоҳем кард. Ин талоши нафасгир кардани режими Эрон аст," – гуфт Скотт Бессент, вазири молияи Амрико.

Тоҷикистону Эрон марзи муштарак надоранд, вале равобити ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг фаротар аз додугирифти иқтисодӣ аст. Ба қавли таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов, ҳоло Тоҷикистон дар миёни обу оташ мондааст.

Парвиз Муллоҷонов

"Дархостҳо барои ҳамкорӣ зиёд аст, ин барои Тоҷикистон хуб аст. Аз тарафи дигар, нигоҳ доштани тавозун душвор мегардад. Манфиатҳо дар бисёр маврид бо ҳам зидданд. Манфиатҳоро ба инобат гирифтан хеле душвор аст барои як кишваре ба монанди Тоҷикистон," – шарҳ дод ӯ.

"Агар ҳамаи инро барбод диҳад…"

Шореҳи амрикоӣ Ҷеймс Дурсо дар нашрияи “National Interest” дар бораи таъсири таҳримҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ навишт, “ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ аз пуштибонҳои асосии Эрон ба шумор намераванд, вале Эрон яке аз муҳимтарин нуқтаҳои фурӯши молу колои ин мамолик дар самти ҷануб ва пайвасти онҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад.”

Ҷеймс Дурсо дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи эҳтимоли таҳрими кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин ибрози назар кард: "Трамп зиёд талош кард, бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ дошт, то бо онҳо ба созише бирасад. Ҳоло агар ҳамаи онро барбод диҳад. Дар чунин ҳолат ҷамоҳири Осиёи Марказӣ эҳтимол дар фикри таҳкими доду гирифт бо Чин шаванд."

Мулоқоти Доналд Трамп бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ. Вашингтон, моҳи ноябри 2025

Доналд Трамп ба равобиташ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос дорад. Ӯ моҳи ноябри соли 2025 дар Қасри Сафед ва дар мулоқот бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои хариду коркарди маъданҳои камёб ва муҳим як бахши муҳими ҳамкориҳои дуҷониба хонд.

Мулоқот бо раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон дар замоне сурат гирифт, ки Иёлоти Муттаҳида дар пайи тақвияти нуфузаш дар Осиёи Марказӣ аст, ҷое, ки Чину Русия ҷойи по ва нуфузи бештар доранд.

Муқоисаи ҳамкориҳо

Шореҳони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ ба он ишора карданд, ки мизони ҳамкории ИМА бо Тоҷикистону Қирғизистон хеле поинтар аз мизони ҳамкориҳои Вашингтон бо Тошканд, Остона ва Ашқобод аст.

Эдвард Лемон гуфт: "Дар муқоиса бо Узбекистону Қазоқистон, Тоҷикистон чизи бисёре барои тақдим ба Амрико дар ихтиёр надорад. Пас аз берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон Тоҷикистон барои амнияти Иёлоти Муттаҳида аҳамияташро аз даст дод. Ҳамчунон Тоҷикистон ба мисли ҳамсояҳояш дорои захираи бузурги маъданҳои камёби қобили истихроҷ нест. Аз ин рӯ, Тоҷикистон фишанги калони таъсир ба таҳримҳои амрикоиро дар ихтиёр надорад."

Мақомдорони маъмурияти Трамп ба суоли Радиои дар бораи таҳрими эҳтимолии кишварҳои Осиёи Марказӣ посухи дақиқе надода, вале афзуданд, ки вазъро пайгирӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, тафсилоти бештар пас аз сафари ҳайати расмии Амрико зери раҳбарии котиби давлатӣ Марко Рубио ва дидору гуфтугуҳои ӯ бо ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешкаш мешавад. Ин мулоқот моҳи октябри имсол дар Самарқанд барпо хоҳад шуд.