Чаро ДОИШ шаҳрвандони Чинро дар Афғонистон ҳадаф гирифтааст?

Маҳалли бомбгузории маргбор дар наздикии як ресторани чинӣ дар Кобул дар рӯзи 19-уми январ.

Бомбгузорие, ки аввали ин моҳ дар ресторани як меҳмонхонаи чинӣ дар Кобул ба вуқӯъ пайваст ва масъулияти онро як ҳалқаи минтақавии ДОИШ ба уҳда гирифт, пурсишҳои наверо дар мавриди фаъолияту амалиётҳои ин гурӯҳ дар Афғонистони таҳти назорати Толибон ба вуҷуд овардааст.

Дар ҳамлаи маргталабонаи рӯзи 19-уми январ ба тарабхонаи "Lanzhou Chinese Noodles" дар маркази пойтахти Афғонистон, дастикам ҳафт нафар кушта ва 13 тани дигар, аз ҷумла як шаҳрванди Чин, захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо зуд шохаи Вилояти Хуросони Давлати Исломӣ ба дӯш гирифт. Ин гурӯҳи ифротӣ дар баёнияе эълон кард, ки ба далели сиёсатҳои Пекин дар вилояти Шинҷон, ки дар он ҷо камаш як миллион уйғур, қазоқ, қирғиз ва дигар ақаллиятҳои мусулмон дар урдугоҳҳо нигоҳ дошта мешаванд, "шаҳрвандони Чинро дар феҳристи ҳадафҳои худ қарор додааст".

Майкл Сэмпл, коршиноси умури Афғонистон ва устоди Донишгоҳи Квинс дар Белфаст ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҷиҳодиҳои ифротие, ки бовар доранд, Чин душмани мусулмонон аст, ҳанӯз дар сояи ҳокимияти Толибон озод ва фаъол ҳастанд. Дар натиҷа, Чин маҷбур хоҳад шуд, тадобири амниятиро барои муҳофизати шаҳрвандони худ боз ҳам сахттар кунад."

Пеш аз ин ҳам шаҳрвандони Чин дар Афғонистон, аз ҷумла аз сӯи ДОИШ-и Хуросон ҳадаф қарор гирифта буданд, аммо бомбгузории ахир дар ҳоле сурат мегирад, ки силсилаи ҳамлаҳои густурда алайҳи манофеи Чин дар Покистон ва Тоҷикистони ҳамсоя низ афзоиш ёфтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо эҳтимолан кам кардани рағбати Чин ба сармоягузорӣ мебошад. Толибон аз замони бозгашт ба қудрат дар соли 2021 бо ДОИШ-и Хуросон даргир ҳастанд, зеро ҳадафи ин гурӯҳи ифротӣ барои таъсиси хилофати исломиро таҳдиде ба ҳокимияти худ дар Афғонистон медонанд.

Лукас Вебер, таҳлилгари "Tech Against Terrorism", гурӯҳи пажӯҳишие, ки фаъолиятҳои террористиро назорат мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт: "ДОИШ-и Хуросон бо эҷоди тарс талош дорад, пеши роҳи сармоягузории ширкатҳои чинӣ ва истихроҷи манобеи табиӣ дар Афғонистонро бигирад ва аз ин роҳ Толибонро заиф созад."

Чин аз замони бозгашти Толибон ба қудрат ва дар миёни таҳримҳои сахт, ҳатто бидуни ба расмият шинохтани ҳукумати онҳо, ба яке аз муҳимтарин шарикони дипломатӣ ва иқтисодии ин гурӯҳ табдил шудааст. Ин равобит боис гаштааст, ки шаҳрвандони Чин, сар аз муҳандисон то соҳибони тарабхонаҳо ба рамзҳои намоёни қонунмандии ҳукумати Толибон ва ҳадафи муҳим барои ҷангҷӯёни ДОИШ-и Хуросон мубаддал шаванд. ДОИШ бо ин ҳамлаҳо мехоҳад нишон диҳад, ки иддаоҳои Толибон дар бораи амнияти комил асос надоранд.

Майкл Сэмпл мегӯяд, ки ДОИШ-и Хуросон бо ҳадаф қарор додани атбои Чин шояд мехоҳад, ба Толибон паём бифиристад, ки бо вуҷуди талошҳои пайваста барои рондан ва заиф сохтани ин гурӯҳи ифротӣ аз Афғонистон, онҳо "ҳанӯз тавоноии анҷоми ҳамлаҳоро доранд".

Бомбгузории ахир ҳамчунин иддаоҳои Толибонро, ки гӯё Давлати Исломӣ дар Афғонистон ҳузури фаъол надорад ва решакан шудааст, зери суол мебарад.

Дар моҳи апрели соли 2024, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар як паёми савтӣ, ки аз тариқи радио ва телевизиони миллии зери назорати Толибон пахш шуд, гуфта буд, ки ДОИШ-и Хуросон саркӯб шуда ва дигар дар Афғонистон таҳдид маҳсуб намешавад.

Самеъ Юсуфзай, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, иддаоҳои Толибон танҳо қисман ҳақиқат доранд, ҳарчанд ДОИШ-и Хуросон дар ҳоли ҳозир "дар дохили Афғонистон пойгоҳ надорад ва ин амр тавоноии онҳоро барои анҷоми ҳамлаҳои пайдарпай маҳдуд мекунад".

ДОИШ-и Хуросон ҳамчунин дар Покистон ва манотиқи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон, ҷое ки шаҳрвандони Чин ҳадаф қарор гирифтаанд, фаъол аст. Дар моҳи ноябр, дар ду ҳамлаи ҷудогона дар Тоҷикистон ва дар наздикии марз бо Афғонистон, панҷ коргари чинӣ кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон тарҳрезӣ ва иҷро шудаанд ва Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон ваъда дод, ки дар таҳқиқоти муштарак бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Дар пайи ин ҳамлаҳо, як мақоми ҳукумати Толибон бо шарти фош нашудани номаш ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки неруҳои Толибон ба наздикӣ ба як махфигоҳи ДОИШ-и Хуросон дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҳамла карданд. Ба гуфтаи ӯ, ин махфигоҳ бо ҳамлаҳои моҳи ноябр ба коргарони чинӣ иртибот доштааст.

Ҳалқаи Хуросони ДОИШ дар соли 2015 пайдо шуд ва асосан аз ҷангҷӯёни норозии Толибони покистонӣ таҳти раҳбарии Ҳофиз Саидхон, фармондеҳи пешини Толибон дар Покистон шакл гирифт ва баъдан амалиёти худро ба Афғонистон густариш дод.

Ин гурӯҳ дар гузашта низ алайҳи шаҳрвандони Чин дар Афғонистон ҳамлаҳо анҷом дода буд, аз ҷумла бомбгузории соли 2022 дар як меҳмонхонаи мутааллиқ ба чиниҳо дар Кобул. Аз замони бозгашти Толибон ба қудрат, ин гурӯҳ талошҳои таблиғотӣ ва ҷалби нерӯ ба сафҳояшро шиддат бахшидааст.

Лукас Вебер, ки ҳамчунин узви Маркази Суфан (Soufan Center) мебошад, гуфт: "Дар остонаи бозгашти Толибон ба қудрат, расонаҳои мухталифи ғайрирасмии вобаста ба ДОИШ-и Хуросон видеоҳо, баёнияҳо ва маводи таблиғотиро мунташир карда, Чинро танқиду таҳдид мекарданд. Ин фаъолиятҳо асосан бо равобити дипломатии Толибон бо Чин вобастагӣ доштанд."

Ӯ мегӯяд, ДОИШ-и Хуросон ба ин талошҳо идома медиҳад ва бо амиқтар шудани рақобат бо Толибон ва густариши ҷоҳталабиҳои минтақавӣ, шаҳрвандони Чинро ҳамчунон ҳадаф хоҳад гирифт.

Вебер афзуд: "ДОИШ-и Хуросон қаблан дар мавриди бомбгузориҳо суҳбат карда буд ва шохаи таблиғотии онҳо ба забони ӯзбекӣ дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба хатҳои интиқоли газ аз Осиёи Марказӣ ба Чин ҳушдор додааст. Ҳамлаҳои фаромарзӣ низ имконпазиранд, зеро гурӯҳҳои ситезаҷӯ ва ҷиноӣ беш аз пеш атбои Чинро ҳадаф қарор медиҳанд."