Чанд таркиш дар ғарби Бандар Аббос

Бандар Аббос. Акс аз видеое гирифта шуд, ки 13-уми июли соли 2026 нашр шудааст

Расонаҳои Эрон аз шунида шудани садои чанд таркиш дар ғарби Бандар Аббос хабар доданд.

Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, ба нақл аз хабаргузории “Тасним” (наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ) навишт, мардуми Бушеҳр ва Чағодак низ садои чанд инфиҷорро шуниданд.

Маҳалли дақиқ ва ҷузъиёти таркишҳо ҳанӯз маълум нест.

Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта артиши Амрико дар рафти амалиёте, ки ба гуфтаи Фармондеҳии марказии Амрико панҷ соат тӯл кашид, ба ҳадафҳое дар гӯшаҳои мухталифи Эрон, аз ҷумла Бушеҳр, Чобаҳор, Чосак, Абумӯсо ва Бандар Аббос ҳамла кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, бо сабаби вайрон шудани шарти оташбас аз тарафи Эрон дигар ёддошти тафоҳум амал намекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Поёни амалиёти панҷсоатаи Амрико дар Эрон