Чанд мансабдори собиқи Исфара барои тақсими замин ҷазо гирифтаанд

Акс аз бойгонӣ

Муҳаммад Бобозода, раиси собиқи Идораи замин дар Исфара, ба чордаҳ сол зиндон маҳкум шудааст. Як манбаи огоҳ аз қазия дар ниҳодҳои интизомӣ 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “Додгоҳи вилояти Суғд ӯро ба суистифода аз мансаб, гирифтани ришва, сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ додани замин гунаҳкор кард”

Ҳукм рӯзи 8-уми июн содир шуда, Радиои Озодӣ ҷузъиёти онро 24-уми июн ба даст овард. Назари Муҳаммад Бобозода ё наздикону вакили мудофеаш маълум нест. Вай моҳи декабри соли 2025 дастгир шуда, то эълони ҳукм дар боздоштгоҳ буд.

Додгоҳ дар доираи парвандаи ӯ Мурод Ашӯров ва Лайлӣ Валиева, мутахассисони Корхонаи сабти молу мулк дар Исфараро низ аз панҷуним то шашуним сол ҳабс кардааст.

Онҳо ба шарикӣ дар ҷиноят, бо тамаъҷӯӣ гирифтани мукофот, сохтакорӣ, ғайриқонунӣ додани замин ва беамалӣ дар иҷрои вазифа муттаҳам шудаанд. Мавқеи онҳо низ ба ҳукм рӯшан нест.

Манбаи огоҳ аз қазия, ки нахост номаш навишта шавад, гуфт, “ин ду нафар ҳангоми таҳқиқи парванда бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ буданд. Баробари эълони ҳукм, дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуданд.”

Дар ҳоле ки мавқеи се нафар ба хулосаи додрас маълум нест, як намояндаи додгоҳ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, аз онҳо ҳамчун далел мошинҳои гаронбаҳо ва пул гирифта шудааст. Радиои Озодӣ онро ба таври мустақилона тасдиқ ё рад карда наметавонад.

Дар айни замон манбаъҳои Радиои Озодӣ дар идораҳои интизомӣ гуфтанд, ки Муҳаммад Бобозода ва ду зердасташ аз рӯйи ҳукми Додраси вилояти Суғд ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардаанд.

Боздошт ва ҳабси баъзе аз мансабдорон ва он ҳам дар пайванд ба тақсими замин дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳодисаи нав нест.

Танҳо дар соли 2025 дар кишвар тақрибан 13500 мавриди беэътиноӣ ба қонуни замин ё риоят накардани он сабт шудааст. Ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Исфара ва Кӯлоб дар сафи пеш қарор доштаанд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, дар оғози имсол дар як нишасти хабарӣ гуфт, заминфурӯшӣ ва қонуншиканӣ дар ин самт ҳамчунон масъалаи доғ мемонанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳабси се мансабдори собиқи Исфара