Вазорати корҳои хориҷии Олмон рӯзи 29-уми июл аз шаҳрвандони худ, ки дар Лубнон қарор доранд, даъват кард, то он кишварро фавран тарк кунанд. Радиои “Мавҷи Олмон” (Deutsche Welle) иттилоъ дод, ки дар рӯйхати буҳронии вазорат номи наздик ба 1300 шаҳрванди Олмон дарҷ шудааст.
Мақомоти Итолиё, Норвегия ва Баҳрайн низ аз шаҳрвандони худ даъват карданд, ки Лубнонро тарк кунанд.
Ин даъватҳо дар робита ба шадидтар шудани низоъ миёни нерӯҳои Исроил ва гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон сурат мегиранд.
Ҳамчунин як қатор ширкатҳои ҳавопаймоӣ эълом карданд, ки парвозҳои худро ба Лубнон бас кардаанд.
Исроил иддао дорад, ки "Ҳизбуллоҳ" рӯзи 27-уми июл ба шаҳри Маҷдал Шамс дар Баландиҳои Ҷулон, минтақаи зери назорати он кишвар, ҳамла кардааст. "Ҳизбуллоҳ" даст доштанашро дар ин ҳамла рад кард. Дар натиҷаи ҳамла 12 кӯдаку наврас кушта шудааст.