Дар мавсими ҳаҷҷи соли 2024 чор зоири тоҷик дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд. Дар ин бора масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана 30-юми июл хабар доданд.
Масъулини Кумитаи дин аз зоирини фавтида ном набурда танҳо гуфтанд, ки онҳо бо марги табиӣ фавтидаанд.
Дар мавсими ҳаҷҷи имсола дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ беш аз ҳазор зоир фавтид, ки дар чанд соли ахир камсобиқа буд. Сабаби марги зоирин гармои аз ҳад зиёд гуфта шуд.
Масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, имсол ҳудуди 6 ҳазор аз Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Ин омор дар қиёс ба солҳои гузашта ҳудуди 2 ҳазор бештар буд.
Маросими имсолаи ҳаҷ рӯзи 25-уми май оғоз шуда то 8-уми июл давом кард.
Ҳаҷ яке аз панҷ рукни дини Ислом аст ва адои он барои мусалмонони доро ҳатмӣ мебошад.