CBS: Амрико барои даври нави ҳамлаҳо омода мешавад

Шабакаи амрикоии CBS субҳи 23 май хабар дод, ки ҳукумати Трамп барои анҷоми даври наве аз ҳамлаҳо алайҳи Эрон омода мешавад.

Ин шабакаи хабарӣ ба нақл аз манбаъҳое, ки ба номашон ишора накард, навишт, ки омодагиҳо барои анҷоми ҳамлаҳои нав рӯзи ҷумъа сурат гирифтааст.

Бо ин ҳол, дар ин хабар омадааст, ки то баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа ба вақти Амрико барои анҷоми қатъии ҳамлаи дубора ба хоки Эрон тасмиме гирифта нашудааст.

Ҳамзамон як хабарнигори рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal дар гузорише навишт, ки раисҷумҳури Амрико ба ҳамроҳи мушовиронаш дар заминаи амнияти миллӣ дар соатҳои поёнии рӯзи ҷумъа нишасте доштааст, аммо тасмими қатъӣ дар ин ҷаласа гирифта нашудааст.

Ба навиштаи ин хабарнигор аз Кохи Сафед, Трамп дар нишаст мувофиқ будааст, ки дипоматия ниёз ба вақти бештар дорад ва дар айни ҳол, масъалаи бозгашт ба ҷанг низ ҳамчунон рӯи миз аст.

Пештар Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ки ахиран сухангӯи ҳайати музокиракунандаи ин кишвар интихоб шуд, гуфт, "ихтилофи назарҳо байни Эрон ва Амрико он қадар амиқ ва зиёд аст, ки намешавад гуфт бо чанд бор рафту омад ё музокирот давоми чанд ҳафта мо бояд ҳатман ба натиҷа бирасем".

Хабари омода шудан ба ҳамлаҳои нав ба Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки Доналд Трамп рӯзи 18 май хабар дод, ки қарор буд рӯзи 19 ҳамлае ба Эрон анҷом шавад, аммо ба дархости сарони араби Халиҷи Форс аз он худдорӣ кардааст.