Ширкати чинии ByteDance Ltd ба додгоҳи ҳавзаи Колумбия зидди ин нақшаи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида шикоят бурд.
Ширкат аз додгоҳ мехоҳад, тарҳи қонунро дар бораи муҳофизати амрикоиҳо аз таъсири манфии барномаи хориҷӣ ғайриконститутсионӣ эътироф кунад.
Ҷо Байден, президенти Амрико, дар охири моҳи апрели имсол тарҳи қонунеро имзо кард, ки манъи дастрасӣ ба TikTok-ро дар он кишвар мадди назар дорад.
Пештар аз ин манъи фурӯши ин барномаро дар фурӯшгоҳҳои онлайни Apple ва Google тасдиқ карда буданд.
Ҷонибдорони маҳдуд кардани TikTok мегӯянд, ин шабака ба амнияти миллии ИМА хатар дорад. Ба бовари онҳо, ҳукумати Чин метавонад, аз ширкати ByteDance, ки молики ТикТок аст, маълумоти шахсии корбаронро аз Амрико талаб кунад.
Чанд манбаъ тасдиқ кардаанд, ки ByteDance бо ҳукумати Чин робита дорад ва сиёсати сензураи он кишварро риоя мекунад.
ТикТок, ки аз он наздик ба 170 миллион амрикоӣ истифода мебаранд, гуфт, ин ширкат маълумоти корбарони амрикоиро ба ҷониби дигар надодааст ва ҳаргиз чунин дархостеро аз ҳукумати Чин нагирифтааст.