Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) зери раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Масқат бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом дод.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввали дӯстона 9-уми июл дар шаҳри Масқат аз тими ҷавонони Умон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуданд. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Аҳмадҷон Шоев ба самар расонд.
Бозии дуюми санҷишӣ, ки дар Масқат 12-уми июл сурат гирифт, бо пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. .
Голҳои меҳмононро Зариф Зарифзода ва Азизбек Муродов заданд.
Ин бозиҳои дӯстона як давраи омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба шумор мерафт.
Бозиҳои марҳилаи интихобӣ аз 31-уми август то 6-уми сентябри имсол дар Баҳрайн доир мегарданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Баҳрайн (31-уми август), Афғонистон (3-юми сентябр) ва Урдун (6-уми сентябр) рақобат мекунад.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар маҷмуъ 44 даста ширкат меварзад. Дастаҳо ба ёздаҳ гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд:
Гурӯҳи “А” – Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон (мизбон), Филиппин, Лубнон;
Гурӯҳи “В” – Узбекистон (мизбон), Сурия, Ҳиндустон, Бангладеш;
Гурӯҳи “С” – Эрон, Ветнам (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Фаластин;
Гурӯҳи “D” – Урдун, Тоҷикистон, Баҳрайн (мизбон), Афғонистон;
Гурӯҳи “Е” – Арабистони Саудӣ, Қатар (мизбон), Умон, Ҳонконги Чин;
Гурӯҳи “F” – Ироқ, Тайланд (мизбон), Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркманистон;
Гурӯҳи “G” – Ҷопон, Яман, Камбоҷа (мизбон), Кувайт;
Гурӯҳи “Н” – Австралия, Индонезия, Малайзия, Лаос (мизбон);
Гурӯҳи “I” – Муғулистон (мизбон), Гуам, Непал, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ;
Гурӯҳи “J” – Тайпейи Чин, Сингапур, Бутан (мизбон), Макао;
Гурӯҳи “К” – Мянмар (мизбон), Молдив, Бруней, Шри-Ланка.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон моҳи майи соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2026, ки дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир шуд, ҷойи сеюмро ишғол кард.
Мунтахаби Тоҷикистон бар дастаҳои Туркманистон (2:1) ва Афғонистон (2:0) пирӯз шуда, аз тимҳои Узбекистон (0:3) ва Қирғизистон (0:1) шикаст хӯрд ва дар натиҷа шаш имтиёз ба даст овард.
Мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳамаи чаҳор бозии худ ғолиб омад, бо 12 имтиёз ғолиби мусобиқа гардида, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило мукофотонида шуд. Медалҳои нуқра насиби мунтахаби Қирғизистон (7 имтиёз) гардид. Ба мунтахаби Тоҷикистон медалҳои биринҷӣ супурда шуд.