Бурду бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои санҷишӣ дар Ҷакарта

Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар пойтахти Индонезия – шаҳри Ҷакарта – ду бозии санҷишӣ анҷом дод.

Дар бозии якуми санҷишӣ, ки 16-уми январ доир гардид, футзалбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуданд. Як голи мунтахаби Тоҷикистонро Насратшо Исмоилов ба самар расонд, як голи дигарро қирғизҳо ба дарвозаи худ заданд. Ду голи дастаи ғолиб ба Семетей Мурзақулов, якголӣ ба Ислом Туратбеков ва Бектур Илёсов мансуб аст.

Дар бозии дуюми санҷишӣ 18-уми январ мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Индонезия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Голҳоро бозигарон Идрис Ёров, Самандар Ризомов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов заданд.

Тими миллии Тоҷикистон бозии охирини санҷишии худро дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар Ҷакарта рӯзи 20-уми январ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мегардад, тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон (28-уми январ), Ҷопон (30-юми январ) ва Австралия (1-уми феврал) рақобат мекунад.

Таркиби се гурӯҳи дигар чунин аст:

Гурӯҳи “А”: Индонезия, Ироқ, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ;

Гурӯҳи “В”: Тайланд, Ветнам, Кувайт, Лубнон;

Гурӯҳи “D”: Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Малайзия.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод. Дарвоқеъ, тими миллии Эрон қаҳрамони феълии футзали Осиё маҳсуб мешавад.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 16 бозигарро барои тамринҳои дастаҷамъӣ даъват кардааст. Ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаб барои Ҷоми Осиё-2026 чордаҳ бозигарро дарбар хоҳад гирифт.

Ҳайати васеи тими миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар», Хуҷанд), Нуриддин Ҷабборов («Соро компания», Душанбе), Фирӯз Бозмамадов («Сомон», Душанбе);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Иқбол Воситзода (ҳарду аз «Сипар»), Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров, Некрӯз Идиев (ҳарчор аз «Истиқлол», Душанбе), Идрис Ёров, Баҳодур Хоҷаев (ҳарду аз «Ойл Стар», Узбекистон), Умед Қузиев («Амонатбанк», Душанбе).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.