БРО барои бозсозии шабакаи мобилии Тоҷикистон 30 миллион доллар додааст

Бонки Рушди Осиё (БРО) ба ширкати мобилии "Tcell" (Индиго Тоҷикистон) 30 миллион доллар додааст.

Бонки Рушди Осиё (БРО) ба ширкати мобилии "Tcell" (Индиго Тоҷикистон) 30 миллион доллар барои бозсозии шабакаи мобилии Тоҷикистон қарз додааст.

Дар хабарномаи ин бонк аз рӯзи 15-уми октябр гуфта мешавад, ки “ин маблағ барои тавсеа ва навсозии шабакаи мобилӣ дар саросари Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.”

То кунун ин Бонк ба тарҳҳои давлатӣ пул медод ва бори аввал аст, ки ба ширкати хусусии мобилӣ қарз медиҳад.

Ко Сакамото, намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон, созишнома бо як ширкати хусусиро як қадами муҳим дар бахши ҳамкориҳо бо ин кишвар номидааст. Ӯ таъкид кардааст, ки ҳамкории БРО бо "Tcell" на танҳо сатҳу сифати интернету гуфтугӯҳои телефониро роҳаттар мекунад, балки дар “фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, дастрасии бештари мардум ба маориф, тандурустӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ" мусоидат мекунад.

Чанд соли ахир сокинон шикоят мекунанд, ки суръати интернет дар Тоҷикистон поин рафта, нархаш боло рафтааст.

Бонки Рушди Осиё як ниҳоди молиявӣ аст, ки соли 1966 бо ҳадафи мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва ҳамкорӣ таъсис ёфтааст. Ин бонк ба кишварҳои узв барои кам кардани фақр ва беҳтар кардани сифати зиндагӣ кӯмак мерасонад.