Аз соли 1992-юм то 1994-ум дар шаҳри Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон танҳо се корхонаи нонбарорӣ фаъол буд.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1992-юм сар шуд ва расман панҷ сол идома дошт, мардуми кишварро ба ду сангари муқобил кашид, дӯстони деринро ба ҳам душман кард ва ҳамсояҳоро ташнаи хуни якдигар.
Аммо дар оғози соли 1993-юм зарурати дигаре мардуми пушти сангарҳои муқобилро ба ҳам овард. Дар ин сол бидуни ихтиёр ё раҳбарии нафаре ҷабҳае таъсис шуда буд, ҷабҳаи дарёфти нон, ки аъзои он ҳам кӯлобӣ буду ҳам ғармӣ ва ҳам бадахшӣ буду ҳам ҳисорӣ...
Заррина Зуҳурова, як сокини Душанбе, солҳои 1990-юм донишҷӯ буд ва аз он солҳо чунин ёдоварӣ мекунад: "Дар Душанбе шумораи гурезаҳо аз манотиқи мухталифи кишвар хеле зиёд шуда буд, барои онҳо дигар фарқе надошт, ки аз кадом минтақа ҳастанду аз кадом гурӯҳ пуштибонӣ мекунанд. Ҳадаф фақат яке буд - дарёфти як бурда нон." Кӯдакон субҳи барвақт халтаҳо зери бағал ба остонаи корхонаҳои тавлиди нон мешитофтанд ва соатҳо интизорӣ мекашиданд. Сар аз интиҳои соли 1992-юм то соли 1994-ум дар пойтахти Тоҷикистон танҳо се корхонаи нонбарорӣ фаъол буд.
Даврон Сатторов, иҷрокунандаи раиси корхонаи "Нонпаз", ки бештар бо истилоҳи русиаш “Хлебозавод” маъруф буд, мегӯяд, замони қабл аз нооромиҳои солҳои навадум корхонаи онҳо дар як шабонарӯз то 140 тонна нон тавлид мекард. Дар солҳои нооромӣ, мегӯяд ӯ, тавлидоти ин корхона ва корхонаҳои нонпазии дигари пойтахт хеле афзоиш ёфта буд, вале бо ин вуҷуд нон барои мардум намерасид. Зеро ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои хусусии нонпазӣ ва мардуми оддӣ ба орд дастрасӣ надоштанд.
"Солҳои 1990-ум, пас аз оғози нооромиҳо дар кишвар масъалаи орд дар пойтахт ва минтақаҳо хеле шадид шуда буд. Дар Душанбе се заводи "Хлебозавод", "Булочная" ва "Лепёшечная" кор мекарданд. Вале корхонаи аслии нонпазӣ корхонаи мо - "Хлебозавод", ки 7 печи нонпазӣ дошт, шабу рӯз кор мекардем, ҳатто дар як шабонарӯз то 200 тонна нон истеҳсол мекардем, аммо боз ҳам кофӣ набуд",-хотираҳояшро гардон мекунад Даврон Сатторов.
Бӯҳрони нон то ҳадде расида буд, ки мардуми манотиқи кишвар ҷаву ҷуворимакка ва сабӯси гандуму кунҷора ва тухми ҷорӯбу дигар зироотро орд карда ва нон мепухтанду мехӯрданд. Дар интиҳои соли 1992-юм ва оғози соли 1993-ум дар ноҳияи Фархор бар асари истифодаи гандуми заҳрулод маризии шадиди гепатити гелеотропӣ сар зад, ки ҳудуди 8 ҳазор нафар қурбони ин маризӣ гардиданд. Аммо дар шаҳрҳо, хусусан пойтахт, мардум дар навбати нон ва барои бурдаи нон атрофи корхонаҳои нонпазӣ ҷон медоданд.
Дар навор: Яке дар ғами ҷону дигаре дар ғами нон...
Сулаймон Исмонов, дар солҳои 1992-1995-ум дар корхонаи нонпазии шаҳри Кӯлоб сармуҳандис буд ва мегӯяд, он замон хонаи умед ва раҳоии мардуми минтақаи Кулоб аз бенонӣ корхонаи онҳо буд: "Посбонҳо дар корхонаи нонпазии Кӯлоб низомиён буданд, ҳодисаи тирборон ҳам сар мезад. Рӯзе дар натиҷаи ҳамингуна тирборон, ки барои пароканда кардани мардуми гурусна аз назди дарвозаи корхона ба ҳаво тир кушоданд, тир ба девор бархӯрда баргашт ва ба гардани як ҷавон зад, ки ӯ дар ҷояш ҳалок шуд."
Заррина Зуҳуроваи донишҷӯ дар солҳои 1990-ум ҳам мегӯяд: "Ману бародарам, ки донишҷӯ будем, дар назди "Булочний"-и Душанбе дар навбати нон меистодем. Ногоҳ садои тир баланд шуду ману бародарам худро ба ҷӯи паҳлӯи роҳ партофтем. Баъдан маълум шуд, ки дар ин тирпарронӣ нафаре, ки дар навбати нон меистод, кушта шудааст."
Ҳоло наздики корхонаҳои нонпазӣ хеле орому сокит аст, касе барои нон дар навбат намеистаду даъво ҳам намекунад. Назар ба солҳои нооромӣ корхонаҳои нонпазии Душанбе истеҳсоли нонро чандин баробар коҳиш додаанд. "Хлебозавод"-и маъруфи Душанбе, ки он солҳо иҷборан то 200 тонна нони якранг истеҳсол мекард, ҳоло дар шабонарӯз 5 тонна ва 15 навъи нони босифат мепазад. Дар бозору фурӯшгоҳҳо ва дӯконҳои нонпазӣ нон ҳамеша фаровон аст. Шояд нафаре, ки он рӯзҳои сиёҳи Тоҷикистонро шоҳид набуд, ин саҳифаи фоҷиабори таърихи миллат барояш чизе бештар аз афсона набошад. Аммо он ҳама ҳақиқат буд. Ҳақиқати талху фаромӯшношуданӣ...
Аммо дар оғози соли 1993-юм зарурати дигаре мардуми пушти сангарҳои муқобилро ба ҳам овард. Дар ин сол бидуни ихтиёр ё раҳбарии нафаре ҷабҳае таъсис шуда буд, ҷабҳаи дарёфти нон, ки аъзои он ҳам кӯлобӣ буду ҳам ғармӣ ва ҳам бадахшӣ буду ҳам ҳисорӣ...
Заррина Зуҳурова, як сокини Душанбе, солҳои 1990-юм донишҷӯ буд ва аз он солҳо чунин ёдоварӣ мекунад: "Дар Душанбе шумораи гурезаҳо аз манотиқи мухталифи кишвар хеле зиёд шуда буд, барои онҳо дигар фарқе надошт, ки аз кадом минтақа ҳастанду аз кадом гурӯҳ пуштибонӣ мекунанд. Ҳадаф фақат яке буд - дарёфти як бурда нон." Кӯдакон субҳи барвақт халтаҳо зери бағал ба остонаи корхонаҳои тавлиди нон мешитофтанд ва соатҳо интизорӣ мекашиданд. Сар аз интиҳои соли 1992-юм то соли 1994-ум дар пойтахти Тоҷикистон танҳо се корхонаи нонбарорӣ фаъол буд.
"Солҳои 1990-ум, пас аз оғози нооромиҳо дар кишвар масъалаи орд дар пойтахт ва минтақаҳо хеле шадид шуда буд. Дар Душанбе се заводи "Хлебозавод", "Булочная" ва "Лепёшечная" кор мекарданд. Вале корхонаи аслии нонпазӣ корхонаи мо - "Хлебозавод", ки 7 печи нонпазӣ дошт, шабу рӯз кор мекардем, ҳатто дар як шабонарӯз то 200 тонна нон истеҳсол мекардем, аммо боз ҳам кофӣ набуд",-хотираҳояшро гардон мекунад Даврон Сатторов.
Бӯҳрони нон то ҳадде расида буд, ки мардуми манотиқи кишвар ҷаву ҷуворимакка ва сабӯси гандуму кунҷора ва тухми ҷорӯбу дигар зироотро орд карда ва нон мепухтанду мехӯрданд. Дар интиҳои соли 1992-юм ва оғози соли 1993-ум дар ноҳияи Фархор бар асари истифодаи гандуми заҳрулод маризии шадиди гепатити гелеотропӣ сар зад, ки ҳудуди 8 ҳазор нафар қурбони ин маризӣ гардиданд. Аммо дар шаҳрҳо, хусусан пойтахт, мардум дар навбати нон ва барои бурдаи нон атрофи корхонаҳои нонпазӣ ҷон медоданд.
Дар навор: Яке дар ғами ҷону дигаре дар ғами нон...
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад