Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таърихи халқи тоҷик" ва ҷанги дохили Тоҷикистон


Китоби «Таърихи халқи тоҷик», барои синфи 11-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар соли хониши 2010 низ ба хонандагон дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон, ба гуфтаи бархе таърихшиносон, воқеиятро якҷониба нақл хоҳад кард.

Баҳс бар сари бозтоби ҳаводиси ҷанги дохилӣ дар китобҳои дарсии мактабҳои Тоҷикистон ва хоса китоби "Таърихи хақи тоҷик" барои синфи 11, (муаллифонаш Файзӣ Зикриёев ва Роҳат Набиева) аз се сол ба ин сӯ идома дорад.

Соли гузашта низ ин баҳс дар матбуот ва расонаҳои Тоҷикистон доғ шуда буд ва интизор мерафт, ки ин китоб дар таҳрири нав нашр шавад. Аммо тавре гуфта мешавад, дар соли хониши имсол низ китоби мазкур ба ҳамон гунаи пешин тадрис хоҳад шуд.

Аз ҷумла дар китоб омадааст, «бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ сол аз сол ба ном «модарони миллат», «падарони миллат» роҳи иртиҷоиро пеш гирифта, зери шиори барои «фарҳанги аҷдодӣ!» тамоили эронпарастиву миллатгароиро авҷ гиронда, пояҳои сохтори сиёсии ҷумҳуриро торафт суст мегардонданд».

Дар бораи Сангак Сафаров, раҳбари Фронти халқии Тоҷикистон дар китоб омадааст: «Ӯ табиатан ҳақиқатпараст буд ва барои амалиёти ғайриматлубаш ҳабс ҳам шуда буд».

Албатта дар китоби мазкур ба сурати мушаххас сарчашма ва манбаҳое, ки муаллифон зимни таҳияи ин он истифода кардаанд, нишон дода нашудааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи коршиносон даҳҳо шоҳиди он ҷанги дохилӣ дар он марвид китоб навишта ва шоҳидони зиндаи он ҳаводис низ мавҷуданд.

Раванди сулҳи тоҷикон

Ба ҳангоми нақл аз раванди музокирои сулҳ дар китоб омадааст: «Ҳукумат зери сарварии Э. Ш. Раҳмонов ва аз тарафи як гурӯҳ ватандӯстони мухолифини тоҷик С. А. Нурӣ, О. Латифӣ, А. Сатторзода ва дигарон гуфтушунид ба амал омад».

Ҳамчунин омори як саҳифаи китоб ба саҳифаи баъдиаш рост намеояд. Масалан, дар ҷое ҳаҷми хисороти ҷанг 7 миллиард доллар, дар ҷои дигар 10, теъдоди муҳоҷирини иҷборӣ ҷое 255 ҳазор ва ҷое 800 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Зоҳиран ба ҳамин далел аст, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи тағйири қисмати ҷанги шаҳрвандии «Таърихи халқи тоҷик» дар мактабҳои Тоҷикистон шудаанд.

"Китоб тақозои ҳамон давр буд"

Файзӣ Зикриёев, ҳаммуаллифи китоби «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 11 мегӯяд, китоб бо тақозои ҳамон рӯз навишта шуда, ҳоло тағйир мехоҳад, зеро то ба имрӯз баъзе воқеиятҳои дигар ошкор шудаанд:

«Алоҳида шахсоне пайдо шудаанд, ки таърихи ҷанги шаҳрвандиро чаппа карда ба ҷавонҳо фаҳмонида ва онҳоро ба маҳалгароӣ даъват мекунанд. Ман ҳам ба хулоса омадам, ки дар нашри оянда таърихи ҷанги шаҳрвандӣ боз беҳтару воқеитар тасвир шавад, то дӯстони дар нохунаки мо онро таҳриф карда натавонанд».

Ба қавли оқои Зикриёев, соли оянда дар ҷашни 20 солагии истиқлол ин масири тайкардаи Тоҷикистон аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон васеъ таҳлил ва баҳогузорӣ мешавад ва дар нашри нави «Таърихи халқи тоҷик» далелҳо ва равандҳои аслии ҷанги шаҳрвандӣ рӯшантар баён хоҳанд шуд.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки дар баррасиҳои олимони кишвар аз соли 1990 то 1997 идома ёфтааст, дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз соли 2006 ба ин сӯ ва танҳо дар синфи 11-и таълим дода мешавад.

Салима Аминова, як омӯзгор аз шаҳри Душанбе мегӯяд, дар ин китобҳо мавзӯъ ҳаматарафа таҳқиқ нашудааст, балки якҷониба аст. Вай афзуд, ба онҳое, ки ин ҷангро дидаанд, китобҳои мо таълим медиҳанд, ки як тараф ҳақ буд ва тарафи дигар ноҳақ.

"Ҷанги кӣ бо кӣ ва сулҳ барои чӣ?"

Хонум Аминова гуфт, агар як хориҷӣ китобҳои дарсии моро бихонад, дуруст дарк намекунад, ки дар Тоҷикистон кӣ ба кӣ барои чӣ ҷанг кардаасту барои чӣ сулҳ шудааст: «Ин насл худ дар ин замона тавлид шудаву ба воя расидааст ва худ шоҳиди айнии ҳодисаҳо буд ва ҳамаро бо чашми худ дидааст».

Аммо Ҳомидхон Нуриддинов, муаллифи қисмати ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар китоби «Таърихи умумӣ» мегӯяд, баррасии ин ҳаводис дар ин китоб хориҷ аз имкон ва як гуна дур шудан аз мавзӯъ мебуд: «Аввал, бар ин фикр будем, ки ин мавзӯъро ҷой диҳем ё не. Зеро имкон надорад ва ҳоло бар ин фикрем, ки умуман дар «Таърихи умумӣ» ин мавзӯъро ҷой диҳем ё не, агар диҳем чӣ тавр?»

Аммо Саида Маҳмадова, омӯзгори дигар аз Душанбе мегӯяд, аз баёни воқеияти ҷанги шаҳрвандӣ гурехтан имкон надорад: «Шукри парвардигори мо омад, Сулҳи деринтизори мо омад». Хонандагон мехоҳанд фаҳманд, ки ин чӣ таърих аст, ки бемаъниву бародаркуш мегӯянд».

Коршиносон мегӯянд, мушкили китобҳои дарсӣ дар он аст, ки ба суолҳои бешумори хонандагони макотиб посухи дақиқ дода наметавонанд ва шакку гумони онҳоро дар бораи таълими худи фан низ бештар мекунад.

"Ғолибонро маҳкум намекунанд"

Сайфулло Муллоҷонов, устоди таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, имшабу рӯз ҳам дар Тоҷикистон наметавон таърихи воқеии ҷанги шаҳрвандиро ба миён овард, зеро шоҳидон ва иштирокдорони ин ҳаводис зиндаанд ва иддае ҳам сари коранд ва ҳатман таъсирашон сари таълифот мерасад:

«Дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳатман пирӯз асту мағлуб. Тавре дар як масал ҳаст, пирӯзҳоро маҳкум намекунанд. Таърихнигории муосири мо аз лиҳози андешаи модерн ва бозандешӣ на ин ки дар миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ, балки Осиёи Марказӣ дар ҷои охирин қарор дорад».

Коршиносон мегӯянд, на фақат ҷанги шаҳрвандӣ, балки умуман таърихи асрҳои 19 - 20 — и халқи тоҷик, аз ҷумла таҷовузи русҳо ба Осиёи Миёна, табаддулоти Бухоро дар соли 1920, муқовимат ба болшевикон, гузаштан ба хати кириллӣ ва ғайраҳо баҳои воқеӣ нагирифтааст.

Зимнан, дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон матбуоти кишвар низ бисёр менависад. То ба имрӯз анқариб тамоми раҳбарони собиқи ҳам ҷониби ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам ИНОТ китобҳои худро дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ навиштаанд.

Файзӣ Зикриёев, ҳаммуаллифи китоби «Таърихи халқи тоҷик» мегӯяд, ҳама мекӯшад худро сафед кунад ва айбро бар ҷониби дигар партояд, аз ин хотир, барои хонандагони макотиб тафсири беғаразонае бояд омода шавад, то насли ояндаи кишвар барои ваҳдат ва дӯстӣ майли бештар дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG