Бразилия, Парагвай ва Марокаш ба ҳаштякфинал роҳ ёфтанд

Се бозии даври 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика – ҷараён дорад, рӯзҳои 29 ва 30-юми июн баргузор шуд.

Бозии даври 1/16-ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 байни тимҳои миллии Бразилия ва Ҷопон, ки дар варзишгоҳи “Эн-Эр-Ҷи Стэдиум” (Ҳюстон, ИМА) доир нардид, бо пирӯзии бразилиҳо бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Ҳисобро дар ин дидор нимҳимоятгари ҷопониҳо Каисю Сано дар дақиқаи 29-ум кушод. Нимҳимоятгари бразилиҳо Каземиро дар дақиқаи 56-ум ҳисобро баробар кард. Голи дувуми мунтахаби Бразилияро ҳамлагар Габриэл Мартинелли дар дақиқаи 90+5 ба самар расонд.

Ҳамакнун дар 1/8 финал Бразилия бо ғолиби ҷуфти Кот-д'Ивуар – Норвегия 6-уми июл соати 01:00 бо вақти Душанбе рақобат мекунад. Бозии дигари даври 1/16-ниҳоӣ байни тимҳои миллии Олмон ва Парагвай дар варзишгоҳи “Ҷиллетт” (Фоксборо, ИМА) сурат гирифт. Замони асосӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. Дар дақиқаи 42-юм Хулио Энсисо, бозигари парагвайиҳо, ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро дар дақиқаи 55-ум Кай Хавертси олмонӣ зад.

Дар замони изофа низ ҳисоб тағйир наёфт. Дарвоқеъ, дар дақиқаи 102-юм ҳимоятгари мунтахаби Олмон Жонатан Та тӯбро ба дарвозаи парагвайиҳо ворид намуд, аммо пас аз тамошои VAR гол ба ҳисоб гирифта нашуд. Зеро Валдемар Антони олмонӣ муқобили дарвозабони рақиб қоидаи бозиро вайрон карда буд.

Аз рӯйи силсилаи пеналти мунтахаби Парагвай бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда, ба даври баъдӣ баромад. Дар 1/8 финал Парагвай бо ғолиби ҷуфти Фаронса/Шветсия 5-уми июл соати 02:00 бо вақти Душанбе бозӣ хоҳад кард.

Бозии чаҳоруми 1/16-финалӣ байни тимҳои миллии Нидерланд ва Марокаш дар варзишгоҳи “ББВА” (Гуадалупе, Мексика) барпо гардид. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом пазируфт. Голи аввалро дар ин дидор дар дақиқаи 72-юм ҳамлагари мунтахаби Нидерланд Коди Гакпо зад. Голи ҷавобиро дар замони ҷуброншуда (90+1) ҳимоятгари марокашиҳо Исса Диоп, ки ба хатти ҳамла гузашт, ба самар расонд. Замони изофа ҳам бидуни гол ба анҷом расид. Аз рӯйи силсилаи пеналти мунтахаби Марокаш бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Дар 1/8 финал мунтахаби Марокаш 4-уми июл соати 22:00 бо вақти Душанбе бо тими миллии Канада рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, аввалин бозии 1/16-ниҳоӣ байни мунтахабҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Канада ки 29-уми июн дар варзишгоҳи «Соу-Фай» (Инглвуд, ИМА) доир гардид, бо пирӯзии канадагиҳо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Стефен Эуштакиу дар охири бозӣ, дар дақиқаи 90+2, ба самар расонд.

Бозиҳои 1/16-финалӣ то 4-уми июл идома хоҳанд кард. Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ рӯзҳои 4–8-уми июл, чорякниҳоӣ 9–11-уми июл, ниманиҳоӣ 14–15-уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Бозии ниҳоӣ 19-уми июл дар варзишгоҳи “Метлайф Стэдиум” (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.

Дар 1/16 финал боз 24 даста вориди рақобат мешаванд (бо вақти Душанбе):

30 июн:

22:00. Кот-д'Ивуар - Норвегия (Даллас)

1 июл:

02:00. Фаронса - Шведсия (Ню-Йорк)

06:00. Мексика - Эквадор (Мехико)

21:00. Англия - ҶД Конго (Атланта)

2 июл:

01:00. Белгия - Сенегал (Сиэтл)

06:00. ИМА - Босния ва Ҳерсеговина (Санта-Клара)

3 июл:

01:00. Испания - Австрия (Лос-Анҷелес)

04:00. Португалия- Хорватия (Торонто)

08:00. Швейтсария - Алҷазоир (Ванкувер)

4 июл:

23:00. Австралия - Миср (Даллас)

03:00. Аргентина - Кабо-Верде (Майами)

06:30 Колумбия - Гана (Канзас Сити)

1/8 финал:

4 июл:

22:00. Канада - Марокаш (Хюстон)

5 июл:

02:00. Парагвай - Фаронса/Шведсия (Филаделфия)

6 июл:

01:00. Бразилия - Кот-д'Ивуар/Норвегия (Ню-Йорк)

05:00 Мексика/Эквадор - Англия/ ҶД Конго (Мехико)

7 июл:

00:00. Португалия/Хорватия - Испания/Австрия (Даллас)

05:00. ИМА/Босния - Белгия/Сенегал (Сиэтл)

21:00. Аргентина/Кабо-Верде - Австралия/Миср (Атланта)

8 июл:

22:00. Швейтсария/Алҷазоир - Колумбия/Гана (Ванкувер)

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Лионел Месси бо 6 гол дар мақоми аввал аст. Ин ҳамлагари аргентинӣ, ки 24-уми июн 39-сола шуд, дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол рекордҳои нав гузошт.

Вай дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин бо 19 голи задааш ба ҷойи аввал баромада, аз Мирослав Клозеи олмонӣ (16 гол) пеш гузашт. Ба панҷгонаи беҳтаринҳо, инчунин Роналдо (Бразилия, 15), Герд Мюллер (Олмон, 14) ва Килиан Мбаппе (Фаронса, 14) дохиланд.

Ба рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 пас аз Лионел Месси (6 гол), Винисиус Жуниор (Бразилия), Килиан Мбаппе (Фаронса), Усмон Дембеле (Фаронса), Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо чорголӣ шомиланд.