Рӯзҳои гузашта ноҳияи Нусай ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоҳиди даргирии шадид миёни нерӯҳои Толибон ва як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ буд.
Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Дарвоз, вазъ ҳамакнун дар Нусай ором аст, вале ба эҳтимоли зиёд, бо сабабҳои амниятӣ, ин ҳафта ҳам ин бозори наздимарзӣ баста боқӣ монд. Маълум нест, ки он кай боз мешавад.
Ин бозори наздимарзӣ дар деҳаи Рузвайи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст ва сокинони ду тарафи марз ҳақ доранд, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҷамъ омада, хариду фурӯш кунанд.
Ин бозор чанд сол пеш ҳам бо сабаби бозгашти "Толибон" ба қудрат баста шуда буд. Мақомоти тоҷик баъдан ба бозкушоии он иҷозат доданд.
Як сокинони ноҳияи Шикайи Дарвози Афғонистон рӯзи 23 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тоҷирони тоҷик ҳоло ба бозори "Рузвай" асосан тарбуз, харбуз, ангур, помидор, бодиринг, себ ва гӯшту тухм меоранд.
Харидорони тоҷик ҳам бештар ба собун, либосворӣ, ашёи техникӣ ва анвои гуногуни матоъ ва ашёи рӯзгор таваҷҷуҳ доранд ва бо нархи арзон онро дастрас мекунанд.
Ҳамзамон тавассути ин пул мошинҳои борбар молу колои тоҷирони афғонро, ки аз Бандари Шерхон тариқи пули "Дӯстӣ" вориди Тоҷикистон мешаванд, дигарбора ба ноҳияи наздимарзии Бадахшони он кишвар интиқол медиҳанд.
Ноҳияи Нусай дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, рӯзҳои 11-17 август шоҳиди даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, буд.
Дар он рӯзҳо Ҷасмина, сокини 21-солаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, бар асари тирандозӣ аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расид.
Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро маҳкум карда, ба ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ёддошти эътирозӣ фиристоданд. Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" дар посух "ибрози таассуфи амиқ" карда, онро кори "афроди вайронкор ва фурсатталаб" донист, аммо аз касе ё гурӯҳе ном нагирифт.
Дар пасманзари ин ҳодиса, Сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 19 август эълон кард, ки кормандони ҳукумати ин кишвар муваққатан аз сафар ба минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, бавижа Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), манъ шудаанд.