Бозори наздимарзии "Рузвай" миёни ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва Нусайи Афғонистон, ки бинобар нооромиҳо дар он сӯи марз ду ҳафта боз баста буд, дигарбора боз шудааст.
Манбаъҳои маҳаллӣ дар Дарвози Тоҷикистон ва Нусайи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бозор дар ду рӯзи охир ба таври маъмулӣ фаъолият мекунад ва сокинони ҳар ду ҷониб ашёи мавриди ниёзи худро аз он харидорӣ мекунанд.
Ин бозори наздимарзӣ дар деҳаи Рузвайи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст ва сокинони ду тарафи марз ҳақ доранд, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҷамъ омада, хариду фурӯш кунанд.
Ноҳияи Нусай дар вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзҳои 11-17-уми август шоҳиди даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, буд. Дар он рӯзҳо Ҷасмина, сокини 21-солаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, бар асари тирандозӣ аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расид.
Дар пасманзари ин ҳодиса бозор барои ду ҳафта баста буд. Манобеи Радиои Озодӣ ин тасмимро ба вазъи амниятӣ вобаста дониста буданд.