Бозори машҳури "Панҷшанбе" моли кӣ шуд? Таҳқиқи Радиои Озодӣ

14-уми апрел муҷтамаи "Панҷшанбе", яке аз куҳантарин бозорҳои Осиёи Марказӣ ва аз рамзҳои шаҳри Хуҷанд, пас аз 21 соли хусусӣ шудан ва ҳам як соли кооперативӣ - нимадавлатӣ будан, аз нав ва бо як шеваи махфӣ хусусӣ карда шуд. Фурӯши дубораи бозор бар хилофи қонун ва ба таври пинҳон ҷараён ёфт. Дар ҳоле ки мақомот хусусигардонии аввалаи онро дар соли 1999 ғайриқонунӣ донистанд ва гуё акнун равандро "қонунӣ" карданд.

Бозор бори аввал дар соли 1999 аз тарафи соҳибкор Абдураҳим Исмоилов бо пули муодили 80 миллион сомонӣ харида шуда буд.

Вале соли 2020 мақомот дар ҳуҷҷатҳои ин хусусигардонӣ иштибоҳе ёфтанд ва онро ба соҳиби пешинааш, иттиҳодияи "Тоҷикматлубот", баргардонданд. Акнун бозор аз нав хусусӣ карда шуд. Ин раванд ба як амалиёти махсус шабоҳат дорад, то бозор аз дасти як шахс ба дасти шахси дигар гузарад.

Печидагиҳои пинҳонкорӣ

Бинобар санадҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас намуд, муассис ва ё молики "Бозори Панҷшанбе" ширкати "Сохтмони Меҳан" аст. Ин ширкат моли кист, маълум нест.

Кумитаи андоз дархости Радиои Озодиро барои додани маълумот дар ин бора рад кард. Сардори бахши сабт А.Сатторзода гуфт, "пешниҳод кардани ин маълумот ғайриимкон аст".

Дар бораи ширкат маълумоти зиёде дастрас нест, ба ҷуз ин ки 10-уми юни соли 2020 таъсис ёфтааст. Чӣ гуна як ширкати навътаъсиси зоҳиран сохтмонӣ пул ёфтаву як бозори бузурги Тоҷикистонро харидааст, норӯшан мемонад.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, "Бозори Панҷшанбе" дар асл ба ширкати азими "Сомон Суғд", ки ба бародарон – Ҳасан Асадуллозода ва Амонулло Саъдуллоев – додарарӯсони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон марбут аст, тааллуқ дорад.

Ҳарчанд Саидраҳмон Хидиров, раиси "Сомон Суғд" дар як посухи хаттӣ гуфт, ин ширкат "молики бозори "Панҷшанбе" намебошад".

Ҳасан Асадуллозода

Кандукови Радиои Озодӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки бозор тобеи "Сомон Суғд" аст ва суратҳисоби он пас аз дубора хусусӣ шудан ба "Ориёнбанк" кӯчидааст. Ҳасан Асадуллозода роҳбари ин бонк аст.

Бар замми ин роҳбари бозор Ибодулло Нуриддинов таъин шудааст, нафаре, ки солҳои дароз дар ширкатҳои гуногуни марбут ба Ҳасан Асадуллозода ва наздикони ӯ кор кардааст ва ба қавли манбаъҳо, "одами Ҳасан Асадуллозода" мебошад.

Як соҳибкоре, ки мехост дар "Бозори Панҷшанбе" дӯкон кушояд, дар пайи ҷустуҷӯи моликони он ба "Сомон Суғд" расид. Ин тоҷир вақте бо рақамҳои (8 3422) 4-00-27 ба идораи марказии "Сомон Суғд" бо ин хоҳиш занг зад, корманди ширкат ба ихтиёри "Сомон Суғд" гузаштани бозори "Панҷшанбе"-ро тасдиқ кард ва тавсия дод, барои баррасии дархосташ бо муовини раиси ширкат ва ё сариқтисодшинос гуфтугӯ кунад.

Агар мехоҳед, ки хабару таҳлилҳои ҷолибро дар бораи Тоҷикистон бихонед, лутфан, замимаи Радиои Озодиро бигиред: Google Play; App Store

Молики нав вориди бозор шуд

Тоҷирони бозори "Панҷшанбе" мегӯянд, аз қадамҳои нахустини молики нав нигаронанд. Аз 1-уми апрел раиси он Хуршеда Бобоева, ки як сол пеш аз сӯи "Тоҷикматлубот" таъин шуда буд, барканор гашт ва ба ҷойи ӯ Ибодулло Нуриддинов (корманди "Сомон Суғд") роҳбари бозор шуд.

Дар қадами дувум Анҷумани тоҷирони бозор, як ниҳоди ҳомии ҳуқуқи онҳо, ки 21 сол инҷониб вуҷуд ва дар дохили бозор утоқи корӣ дошт, пароканда гашт. Ба он гуфта шуд, ки "дигар ба касе даркор нест".

Дохили бозори "Панҷшанбе"

Ҳамзамон кироя ё иҷораи ҷой дар бозор барои бахше аз тоҷирон боло бурда шуд, ҳарчанд шартномаи онҳо расман нав ва ҳаҷми пардохтҳо дар он зикр нашудааст. Дар қадами баъдӣ Хуршеда Бобоева ба мудирияти бозор баргардонида шуд, ҳарчанд вазифаи расмии ӯ маълум нест ва раиси нав бештари вақташро дар Душанбе мегузаронад.

Фурӯшандагони бозор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, молики нав дар садади он аст, ки “шуруъ аз чекчинҳо то маъмурони дигари бозорро иваз кунад ва ҳоло Хуршеда Бобоева ба роҳбари нав роҳу равиши идораи бозорро нишон дода истодааст”. Ояндаи нарху наво ва шеваи кор дар ин бозор акнун ба иродаи соҳибони нав бастагӣ хоҳад дошт.

Посухи "Тоҷикматлубот"

Дубора хусусӣ шудани бозори "Панҷшанбе"-ро ҳамчунин соҳибмулки пешинаи он: Иттифоқи "Тоҷикматлубот" рӯзи 11-уми май дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Дар ин нома бо имзои раис Ҳусейн Идиев, танҳо як чиз гуфта мешавад, ки оре, бозор ба як "шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта шудааст".

Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми апрел дар номаи худ аз раиси "Тоҷикматлубот" Ҳусейн Идиев хоста буд, бар пояи Қонуни матбуот ва дигар ВАО-и Тоҷикистон посух диҳад, ки

  • хусусигардонии бозори "Панҷшанбе" чӣ гуна сурат гирифт, яъне дар натиҷаи музояда ба фурӯш гузошта шуд ё ягон усули дигар?
  • агар бозор дар музояда ба фурӯш гузошта шуд, чанд нафар ва ё ширкат барои харидани бозор довталаб шуданд?
  • бозори "Панҷшанбе" бо кадом нарх ба фурӯш рафт ва молики нави он кадом ширкат ва ё соҳибкор аст?
  • пас аз хусусӣ шудани бозор оё "Тоҷикматлубот" нарху наворо дар ин бозор назорат мекунад ва ё не?

Раиси "Тоҷикматлубот" Ҳусейн Идиев аз ифшои ҷузъиёти хусусӣ шудани моликияти ин иттиҳодия худдорӣ кард. Агар музояда сурат гирифта, аз чанд харидор яке аз онҳо бо пешниҳоди нарх ва шароити беҳтар ғалаба карда бошад, чӣ ҷойи пинҳон доштани ин маълумот, дар ҳоле ки ҳама чӣ қонунӣ ҷараён гирифта бошад.

Идиев тасдиқ мекунад, ки моликияти “Тоҷикматлубот” ба шаҳрванд фурӯхта шуд, вале аз овардани номи ин шаҳрванд худдорӣ мекунад. Оё бо чӣ сабаб ё сабабҳо? Агар ҳамаи ҷараён қонунӣ гузашта бошад, махфӣ доштани номи соҳибмулки нав барои чист?

Пинҳон доштани рози хариду фурӯши яке аз бозорҳои калони дувумин шаҳри бузурги Тоҷикистон “Панҷшанбе”-и Хуҷанд дар ҳолест, ки қонун мақомотро уҳдадор кардааст, дар ин бора ба матбуот иттилоъ диҳанд.

Дар моддаи 16-и қонун "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" гуфта мешавад: "Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар хусуси ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма иттилоот паҳн намояд."

Чаро "Панҷшанбе" дубора хусусӣ карда шуд?

Коршиносон ин суолҳоро низ матраҳ мекунанд, ки чаро “Тоҷикматлубот” пас аз як соли соҳибмулкии бозори “Панҷшанбе” ба хулосае омад, ки бояд онро фурӯшад? Оё ин бозор зиёновар ва дар ҳоли варшикастагӣ буд? Ё “Тоҷикматлубот” барои нигаҳдории он харҷи зиёдтар аз дахл мекард? Ба ақидаи коршиносон ва баъзе аз тоҷирон, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, ягон сабаби молиявие барои хусусигардонии ин муассиса вуҷуд надошт. Омор даромаднок будани бозорро нишон медиҳад.

Бозори "Панҷшанбе"

Ҳусейн Идиев низ дар номааш сабаберо пеш намеорад, балки менависад, бозор "дар доираи талаботҳои Оинномаи Иттифоқи Тоҷикматлубот ва салоҳияти ба Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот додашуда ба шаҳрванди Ҷумҳури Тоҷикистон фурӯхта шудааст" (Айнан).

“Илова бар ин, минбаъд назорати нарху наво дар “Бозори Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд дар зиммаи соҳибмулки он мебошад,” -- хулоса мекунад Идиев. Ин ҳам дар ҳоле ки назорат бар нархҳо аз тарафи “Тоҷикматлубот” барои аҳолӣ беҳтар буда метавонист, то шахси ҷудогона.

Дар 66 бозоре, ки ба ин ниҳод тааллуқ доранд, нархҳо муътадилтаранд, то дар бозорҳое, ки моли шахсӣ мебошанд. Ва “Тоҷикматлубот” бо дастури ҳукумат ярмаркаҳо ташкил мекунад, то вазни нархҳо бар дӯши аҳолӣ ва норозигиҳо аз давлат бобати болоравии беисти онҳо камтар шавад. Чанд ярмаркаи хурд ташкил медиҳад, дар ҳоле ки яке аз калонтарин бозори дорои шабакаҳои умдафурӯширо ки як абзори муҳими назорат бар нарху наво аст, ба дасти шахси алоҳида месупорад.

"Сомон Суғд" чист?

Як тоҷире, ки ахиран хост, дар бозори “Панҷшанбе” тиҷорати худро ба роҳ монад, мегӯяд, раҳбари нави он Ибодулло Нуриддиновро пайдо карда натавонист. Ба ӯ машварат доданд, ки бо раҳбарони ширкати “Сомон Суғд” тамос гирад ва пешниҳоди тиҷоратияшро бо онҳо ҳал кунад. Ин тоҷир мегӯяд, тамосҳояш бо чанд корманди ин ширкат нишон медиҳанд, ки “Сомон Суғд” соҳиби аслии бозори “Панҷшанбе” аст.

“Сомон Суғд” як иттиҳоди азим ва гуногунсоҳа аст, ки беш аз 20 ширкати дигарро дар ихтиёр дорад. Бино бар Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ муассиси “Сомон Суғд” Амонулло Саъдуллоев ва ширкати ҳолдингии “Исмоили Сомонӣ асри ХХI” аст. Молики ин ҳолдингро OCCRP, Созмони гузоришгарони ҷиноят ва коррупсия, сармоядор Ҳасан Асадуллозода раиси “Ориёнбанк” ва додарарӯси президент мешуморад. Амонулло Саъдуллоев бародари Ҳасан Асадуллозода аст, ки дар соли 2008 номи хонаводагии худро аз Саъдуллоев ба Асадуллозода тағйир дод.

“Сомон Суғд” даҳҳо корхонаву бозор ва шабакаҳои тиҷоратиро умдатан дар вилояти Суғд дар ихтиёр дорад. Рӯйхати ширкатҳои он чунин аст:

  • "Суғдиён-С"
  • Шабакаи фурӯшгоҳҳои “Дюти фри”
  • ҶСП “Орди Темурмалик”
  • ҶСП “Суғд сангрез”
  • “Суғдхизматрасон”
  • “Суғдиёнгаз”
  • “Суғд Текстайлз”
  • “Спирти Исфара”
  • ҶДММ “Нурафшон”, молики Терминали 1-и фурудгоҳи Бобоҷон Ғафуров
  • ҶСП “Чашма”, истихроҷи квартс
  • “Мурғи Сомғор”
  • “Бозори Фаровон”
  • “Суғд Сервис”
  • “Мармари Саразм”, Панҷакент
  • ҶСК “Зиннат”, истихроҷи санги хоро ва анвои дигари сангҳои ороишӣ
  • Бозори Ориён
  • “Суғд квартс”
  • “Фараст”
  • “Суғд фулузот”
  • “Анбори гумуркии нигоҳдории борҳо”
  • Комплекси тарабонаҳои “Суғд”.

Чӣ гуна "Фортуна" "Панҷшанбе"-ро аз даст дод?

То соли 2020 бозори “Панҷшанбе” ба ширкати “Фортуна”-и Абдураҳим Исмоилов, яке аз соҳибкорони маъруфи Хуҷанд тааллуқ дошт. Пас аз 21 сол мақомот ҷараёни хусусигардонии ин бозорро дар соли 1999 ғайриқонунӣ хонданд ва бозор дубора ба ихтиёри “Тоҷикматлубот”дода шуд.

Пас аз чандин баррасӣ дар зинаҳои гуногуни додгоҳ қарор шуд, ба “Фортуна” дар ивази бозор 3 миллиону 385 ҳазор сомонӣ дода шавад. Моликони пешин ба ин нарх розӣ набуданд ва мегуфтанд, дар соли 1999 “Панҷшанбе”-ро ба 83 миллион сомонӣ харида, дар ин 21 сол барои нигаҳдорӣ ва ободии он маблағҳои зиёд сарф карданд ва 3 миллиону 385 ҳазор сомонӣ зиёни онҳоро намепӯшонад.

Соли 2020 маъмурон ва соҳибкорони бозори "Панҷшанбе" дар як нома аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, моликияти қонунии онҳо, ки ба гуфтаашон "ноинсофона" ва "бе риояи қонун" аз дасташон гирифтаанд, баргардонида шавад. Аммо додгоҳ дар Тоҷикистон дар ҳама зинаҳо корро ба фоидаи “Тоҷикматлубот” ҳал кард.

Бозори "Панҷшанбе" дар канори маҷмааи Масҷиди Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ ҷойгир аст ва соли 1964 бунёд шуда, дар он наздики 1300 соҳибкор фаъолият мекунанд.