Бозии тимҳои миллии занонаи Тоҷикистон ва Иморот дар Дубай

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар шаҳри Дубай бо тими миллии занонаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозии дӯстона анҷом дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби занонаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Тоҷикистон, ки 5-уми март дар Дубай доир гардид, бо натиҷаи баробар ва бидуни гол хотима ёфт.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, гуфт, ки ҳайати тими миллӣ аз ҳисоби бозигарони мунтахаби ҷавонони кишвар ташкил шуда буд, ки соли гузашта дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 иштирок намуд.

Ёдовар мешавем, тими миллии занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «H», ки аз 29-уми июн то 5-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид, аз дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ (0:10), Малайзия (0:1) ва Фаластин (0:3) шикаст хӯрда, бидуни имтиёз зинаи охирин – чаҳорумро ишғол кард ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт.

Дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “Н” ҷойи аввалро касб карда, соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 гардид, ки дар ҳамин ҳол дар Австралия ҷараён дорад.

Австралия ҳамчун мизбон, Чин ба ҳайси қаҳрамони феълӣ, Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун финалист ва Ҷопон, дорандаи нишони биринҷӣ, соҳибони роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 шуданд.

Инчунин ғолибони ҳашт гурӯҳи мусобиқоти интихобӣ – Ҳиндустон, Бангладеш, Тайпейи Чин, Ветнам, Узбекистон, Филиппин, Кореяи Шимолӣ ва Эрон - дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Австралия то 26-уми март идома меёбад, иштирок доранд.

Дастаҳо ба се гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи “А” – Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Филиппин, Эрон; гурӯҳи “В” – Кореяи Шимолӣ, Чин, Узбекистон, Бангладеш; гурӯҳи “С” – Ҷопон, Ветнам, Ҳиндустон, Тайпейи Чин.