Бозии санҷишии тими миллии футзали Тоҷикистон бо Саудӣ мусовӣ шуд

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар Индонезия. Акс аз сомонаи ФФТ

Тими миллии футзали Тоҷикистон бозии сеюми санҷиширо дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Бозии сеюми санҷишӣ дар пойтахти Индонезия 20-уми январ доир гардид. Голи мунтахаби Тоҷикистонро дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба самар расонд.

Қаблан дар Ҷакарта футзалбозони тоҷик ду бозии санҷишӣ анҷом дода, аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуданд ва тими миллии Индонезияро бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии Пайрав Воҳидов омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Ҷакарта идома медиҳад. Ба ҳайати даста 16 бозигар барои тамринҳои дастаҷамъӣ даъват шудааст. Ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаб барои Ҷоми Осиё-2026 чордаҳ бозигарро дарбар хоҳад гирифт.

Ҳайати васеи тими миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар», Хуҷанд), Нуриддин Ҷабборов («Соро компания», Душанбе), Фирӯз Бозмамадов («Сомон», Душанбе);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Иқбол Воситзода (ҳарду аз «Сипар»), Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров, Некрӯз Идиев (ҳарчор аз «Истиқлол», Душанбе), Идрис Ёров, Баҳодур Хоҷаев (ҳарду аз «Ойл Стар», Узбекистон), Умед Қузиев («Амонатбанк», Душанбе).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мегардад, тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон (28-уми январ), Ҷопон (30-юми январ) ва Австралия (1-уми феврал) рақобат мекунад.

Таркиби се гурӯҳи дигар чунин аст:

Гурӯҳи “А”: Индонезия, Ироқ, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ;

Гурӯҳи “В”: Тайланд, Ветнам, Кувайт, Лубнон;

Гурӯҳи “D”: Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Малайзия.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод. Дарвоқеъ, тими миллии Эрон қаҳрамони феълии футзали Осиё маҳсуб мешавад.