Бозгардони ду тифли тоҷики бесаробон аз Русия ба Душанбе

Акси кӯдаконро Сафорати Тоҷикистон дар Русия нашр кард

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки ду тифлеро, ки дар Русия бесаробон монда буданд, ба Душанбе фиристодаанд.

Дар баёнияи сафорат омадааст, шаҳрвандони ноболиғи кишварро рӯзи 29-уми апрел ба Тоҷикистон фиристоданд.

Интиқоли кӯдакони тоҷики дар Русия бесаробонмонда дар ҳамкорӣ бо вазорати корҳои дохилии Русия сурат гирифтааст.

Соли гузашта аз ин кишвар, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, на камтар аз 6 тифли тоҷикро, ки аз волидайн, ё парастор маҳрум шудаанд, ба Тоҷикистон фиристода буданд.

Соли 2024 аз Русия ба Тоҷикистон 54 тифли бесаробонмонда интиқол дода шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шеваи дарёфти кӯмакпулӣ барои кӯдакони муҳоҷир сахттар шуд"Шаш моҳ шуд, бачаҳоямро надидам". Зане мегӯяд, шавҳараш кӯдаконро рабудаастИзҳороти ЮНИСЕФ баъд аз қатли навраси тоҷик