Тафтиш дар Кӯлоб. Боздошти зердастони Бахтиёр Назарзода баъди барканории ӯ

Акси Бахтиёр Назарзода аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, намояндагони Идораи мубориза бо фасод ва Додситонии вилояти Хатлон дар ҷараёни тафтиши кори Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб, чанде аз зердастони собиқи ӯро боздошт кардаанд.

Мақомот ҷузъиёти парвандаи мансабдорони собиқро ошкор намекунанд. Радиои Озодӣ барои гирифтани ҷузъиёт ба Оҷонси мубориза зидди коррупсия нома фиристод, вале ҳанӯз посухе нагирифт.

Бахтиёр Назарзода аз соли 2021 то моҳи январи соли 2026 раиси шаҳри Кӯлоб буд. Вай ҳоло мансаб надорад, аммо то ҳанӯз курсии худро дар Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон ва ҳамин тавр дахлнопазирияшро ҳифз кардааст.

Ду манбаъ дар мақомоти тафтишотии вилояти Хатлон рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар давраи кори Бахтиёр Назарзода дар ҳукумати Кӯлоб "тақсими ғайриқонунии замин, сохтакорӣ, қаллобӣ, тақсими нодурусти буҷа ва додани пора" ошкор шудааст.

"Гурӯҳе аз муфаттишони Оҷонси зидди коррупсия дар аввали моҳи апрел омада, тамоми идораҳои шаҳрро санҷиданд. Ин кор ду моҳ давом кард. Санҷиш замони фаъолияти Бахтиёр Назарзодаро дар бар мегирифт," – гуфт яке манбаъҳои Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои тафтишотии вилояти Хатлон.

Бахтиёр Назарзода ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надод ва назараш ба ин хабар маълум нест.

Навор:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти зердастони Бахтиёр Назарзода баъди барканории ӯ

То кунун Алишер Бобоҷонзода, муовини собиқи раиси Кӯлоб; Ҳабибулло Раҳимов, сардори собиқи Раёсати молия; Рамазон Бобоев, раиси собиқи Боғи Исмоили Сомонӣ ва Нуридини Шеравган, корманди пешини Идораи замини Кӯлоб дастгир шудаанд. Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, "онҳо ба муфаттишон гуфтаанд, он корҳое, ки мақомот ғайриқонунӣ медонанд, бо дастури раиси собиқи шаҳр сурат гирифтааст."

Яке аз наздикони Нуридини Шеравган, корманди пешини Идораи замини Кӯлоб, бе зикри номаш рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ гуноҳ надорад ва ҳар коре кардааст, дар доираи қонун ва бо супориши ҳукумати шаҳр кардааст."

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, беш аз даҳ мансбадори дигари собиқ дар ҳукумати Кӯлоб бозпурсӣ мешаванд, аммо ҳанӯз нисбат ба онҳо айб эълон нашудааст.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, муфаттишон бо Бахтиёр Назарзода низ суҳбат кардаанд, аммо ӯ ҳанӯз ба таври расмӣ бозпурсӣ нашудааст. Вай ҳамчун узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз дахлнопазирӣ баҳравар аст.

Пас аз барканории Бахтиёр Назарзода аз мансаб, қарорҳои ӯ дар мавриди сохтмони бозор ва дӯконҳои тиҷоратӣ дар назди "Қалъаи Кӯлоб" бекор ва онҳо пурра тахриб шудаанд.

Аз ин пеш низ исми Бахтиёр Назарзода дар робита ба содир кардани чанд қарор дар робита ба додани замин ва суистифода аз мансаб расонаӣ шуда буд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2023 нишон дода буд, ки Назарзода аз мансаб ба фоидаи ширкати худ истифода мекунад, пули андозу барқро намесупорад, муассисаву хиёбонҳоро ба номи наздиконаш гузошта, барои ситоиш аз ҳар амали ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳеро аз ҳисоби хабарнигорон созмон додааст.