Пулиси Исроил ва Хадамоти амниятии ин кишвар эълон карданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистону Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.
Мақомоти Исроил рӯзи дувуми июл аз ин нафар Беҳрӯз Собирҷон ном бурданд.
Ба гуфтаи мақомоти Исроил, Беҳрӯз Собирҷон аз моҳи январи имсол бо намояндаи Хадамоти ҷосусии Эрон дар тамос буда, ба ӯ аз маконҳои бархӯрди мушакҳо аксу навор фиристодааст.
Мавқеи ин зодаи Тоҷикистон ва назари пайвандонаш ба иттиҳом маълум нест.
Дар хабарномаи мақомоти Исроил гуфта шудааст, ки ӯ ҳамчунин дар бораи чанд макони муҳими Исроил ба Эрон маълумот фиристода, "талош кардааст, ҷосусони нав ҷалб кунад".
Исроил ва Амрико рӯзи 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд ва Ҷумҳурии Исломӣ дар посух Исроилро мушакборон кард. Ин ҷанг беш аз як моҳ идома ёфт.
Мақомоти Исроил гуфтаанд, дар ин муддат Беҳрӯз Собирҷон фаъолона ба Эрон маълумот мефиристод.
Ба гуфтаи мақомоти Исроил, Собирҷон дар ибтидо як пешниҳоди одӣ дарёфт карда, вале бо вуҷуди онки фаҳмидааст, бо корманди хадамоти ҷосусии Эрон ҳамкорӣ дорад, ин корро бас накардааст.
Вай моҳи июн боздошт шуда, ҳоло нисбаташ расман бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон айб эълон кардаанд.
Исроил дар як соли охир чанд нафарро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон дастгир намуд.
Мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ низ дар ин муддат садҳо нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Амрико ва Исроил боздошт ва дар чанд маврид онҳоро ба иттиҳоми ҷосусӣ ва иқдом алайҳи амнияти миллӣ эъдом кардаанд.