Мақомоти интизомии Русия як зодаи Тоҷикистонро барои изҳори назараш дар бораи қатли навраси тоҷик Қобилҷон Алиев ва бо иттиҳоми "барангехтани хусумату адовати миллӣ" дастгир кардаанд. Маркази ҳомии ҳуқуқи "Сова" дар Русия ин хабарро нашр намуд.
Саидназар Ҳоҷимуродови 25-сола ронандаи таксӣ ва зоҳиран шаҳрванди Русия низ ҳаст. Ӯ дар як видео дар Телеграм раҳбарони Русия, аз ҷумла Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотиро бо лаҳни тунди олуда ба дашном танқид мекунад, ки ба ҷиноятҳо дар заминаи бегонаситезӣ аҳамият намедиҳанд.
Ҷавони тоҷик бо забони русӣ мегӯяд, тоҷиконро дар Русия пайваста мекушанд, вале ҷомеа ҳеч парвои онро надорад. Дар як ҷое ҳам мегӯяд, агар ин ҷиноятро ягон муҳоҷири тоҷик мекард, "ҳатман мегуфтанд, ки тоҷики мусулмоне бародари руси моро кушт."
Саидназар Ҳоҷимуродовро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Саидҷон Ҳоҷиев саҳифа дорад, рӯзи 19-уми декабр ва баъди он дастгир кардаанд, ки корбарони расонаҳои тарафдор аз миллатгароёни ифротӣ, аз ҷумла "Многонатсионал" аз ӯ ба Кумитаи тафтишотӣ шикоят бурдаанд.
Барои барангехтани хусумату адовати милливу мазҳабӣ дар Русия то 5 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқи созмони "Сова", ки миллатгароиву бегонаситезӣ ва ҷиноятҳоро дар заминаи нафрат ва адовати милливу мазҳабӣ таҳқиқ мекунанд, гуфтаанд, дар баёнияҳои ҷавони тоҷик ягон аломати барангехтани хусумату адовати милливу мазҳабӣ ё тарғиби зӯровариро надидаанд. Барои ҳамин, ба гуфтаи онҳо, "ҳеч асосе барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ӯ вуҷуд надорад".
Қобилҷон Алиев, навраси даҳсолаи тоҷик, рӯзи 16-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав кушта шуд. Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактаб ворид шуда, аввал посбони мактаб ва сипас Қобилҷонро теғ зад.
Қатли навраси тоҷик вокуниши зиёдеро дар ҷомеа барангехт ва сабаб шуд, ки мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури хориҷӣ ин қазияро бо ҳукумати Русия дар миён бигузоранд.