Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил. Мақомот чӣ мегӯянд?

Акс аз моҳи октябри соли 2024

Мақомот дар Душанбе боздошти як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Исроил пайгирӣ доштаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, барои тасдиқи ҳувият ва шаҳрвандии шахси гумонбар "тавассути роҳҳои дипломатӣ" бо ҷониби Исроил ба тамос баромад.

"Ҳоло мунтазири посухи расмии ҷониби Исроил ҳастем. То ҳол нисбат ба дастгир шудани шаҳрванд ба мо ягон маълумоти расмӣ дастрас нагардидааст," – навишт дафтари матбуоти ВКХ дар ҷавоб ба муроҷиати Радиои Озодӣ. Посух охири ҳафтаи гузашта дастрас шуд.

Пулиси Исроил ва Хадамоти амниятии ин кишвар рӯзи 2-юми июл эълон карданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистону Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Номи ӯ дар изҳороти мақомоти Исроил ба ду шакл муаррифӣ шудааст: Ҳангоми боздошт чун Беҳрӯз Собирҷон ва пас аз эълони айб чун Беҳрӯз Шариф Додобоеви 33-сола.

Додситони Исроил рӯзи 6-уми июл гуфтааст, бар асоси маълумоти ибтидоӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон "дар бораи макони расидани мушакҳо, соҳилҳои Ҳайфа ва муассисаи низомии Elbit Systems маълумот ҷамъ оварда, бар ивази криптоасъор ба хадамоти иктишофии Эрон фиристодааст."

Санҷидани дурустии ин иттиҳом ба воситаи манобеи мустақил феълан имкон надорад. Расонаҳо ва додситониву додгоҳи Исроил дар бораи мавқеи шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон то ҳол чизе нагуфтаанд.

Додситонии Исроил танҳо гуфтааст, Додобоев дар Исроил ҳаққи муваққатии иқомат дошт, вале он моҳи май ба анҷом расида буд. Вайро дар нӯҳ мавриди тамос бо "маъмури хориҷӣ" гумонбар медонанд ва аз ин шумор, ба иттиҳоми додситонии Исроил, "дар чор ҳолат ӯ ба душман иттилое додааст, ки ба амнияти давлатӣ осеб мерасонад".

Мақомоти Исроил гуфтаанд, Додобоев як дафъа, моҳи апрел, ба маъмурони эронӣ гуфтааст, аз ҳабс шудан метарсад, аммо бо ин вуҷуд ҳамкориро бо онҳо идома додааст. Ӯ бо дархости онҳо ба соҳилҳои Ҳайфа рафта, хати соҳил, киштиҳо, вазъи соҳил ва маконҳои дигарро аксу навор гирифтааст.

Вебсайти Jerusalem Post навишт, хадамоти амниятии Исроил ҳар сари чанд вақт дар бораи боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гумонбар ба ҷосусӣ ба манфиати Эрон хабар медиҳанд ва дар миёни онҳо хориҷиҳо кам нестанд.

Соли 2025 дар ин кишвар 25 шаҳрванди Исроил ва хориҷиҳо бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт шуда, аз 120 мавриди ҷудогонаи талоши ҷосусӣ пешгирӣ шудааст.

Мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин муддат садҳо нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Амрико ва Исроил боздошт ва дар чанд маврид онҳоро ба иттиҳоми ҷосусӣ ва иқдом алайҳи амнияти миллӣ эъдом кардаанд.