Боздошти як нафар ба гумони таҳқири Иброҳим Раисӣ дар Эрон

Иброҳим Раисӣ рӯзи 19-уми май дар садамаи чархбол ҷон дод

Мақомоти Эрон як нафарро ба иттиҳоми таҳқири Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар, ки рӯзи 19-уми май дар садамаи чархбол ҷон дод, дастгир кардаанд.

Боздошт рӯзи 13-уми июн дар шаҳри Қум сурат гирифт.

Маъмурони интизомии Эрон ин фардро, ки ҳувияташ барои расонаҳо маълум нест, ба иртибот бо "Моссад", идораи истихбороти Исроил ва "ҳамкорӣ" бо расонаҳои мухолифи Ҷумҳурии Исломӣ дар хориҷ муттаҳам карданд.

Дар ҳоли ҳозир барои исботи ин иттиҳом далеле пешниҳод нашудааст.

Мақомоти Эрон аксаран мунтақидони ҳукуматро дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷосусии хориҷӣ ва расонаҳои мухолиф гунаҳкор мекунанд.