Боздошти як марди бритониёӣ дар Курски Русия

Ин мард худро Ҷеймс Скотт Рис Андерсони 22-сола аз Бритониё муаррифӣ кард

Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Русия дар вилояти Курск як шаҳрванди Бритониёро, ки гуфта мешавад аз тарафи Украина меҷангид, дастгир кардаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 26-уми ноябр хабар дод, ки алайҳи Ҷеймс Скотт Рис Андерсони 22-сола парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ӯро дар Русия ба "терроризм" ва "зархаридӣ" гумонзад медонанд.

Наворе, ки дар он марди либоси низомӣ ба тан худро Ҷеймс Скотт Рис Андерсон аз Бритониё муаррифӣ мекунад, охири ҳафтаи гузашта нашр шуд.

Онро хабаргузории давлатии "ТАСС" ва саҳифаҳои наздик ба мақомоти Русия паҳн карданд.

Андерсон гуфтааст, то соли 2023 дар артиши Бритониё хидмат карда, сипас ба легиони байнулмилалии Украина пайваст.

Маълум нест, ки наворро кай, дар куҷо ва таҳти чӣ шароит сабт кардаанд.