Боздошти як мард дар Душанбе ба гумони дастдарозӣ ба кӯдаки 5-сола

Акс аз вебсайти пулиси Душанбе

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди калонсолро бо гумони дастдарозӣ ба кӯдаки 5-сола дастгир кард. Ба иттилои ин ниҳод, ин сокини 57-солаи пойтахт рӯзи 4-уми октябр "дар ҳолати мастӣ ба кӯдаке, ки машғули бозӣ буд, ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст".

Нисбат ба мард бар асоси моддаи "ҳаракати бадахлоқонаи шаҳвонӣ" нисбат ба ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ӯ ҳоло дар ҳабси муваққатист. Барои ин амал аз 2 то 5 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Мавқеи марди гумонбар маълум нест.

Cолҳои охир хабарҳо аз озори ҷинсии ноболиғон бештар расонаӣ мешаванд. Бино ба оморе, ки дар гузориши Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки тоҷик оварда шудааст, соли 2024 дар кишвар 88 ҷинояти марбут ба озори ҷинсиву дигар ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғон сабт шудааст. Дар 41 ҳолат нисбат ба кӯдакон ҳаракатҳои бадахлоқона раво дида шудааст.

Ваколатдор ё Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак ҳачунин ба он таъкид кардааст, ки дар як сол 17 наврас мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Вай ин вазъро ташвишовар хонд.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар чунин ҳолатҳо на ҳама хонаводаҳо зуд ба мақомот шикоят мебаранд ё гоҳе худдорӣ мекунанд, огоҳон бар ин назаранд, ки омори ҷиноятҳои вобаста ба озори ҷинсӣ метавонад аз омори расмӣ бештар бошад.