Боздошти як мард барои то дами марг задани духтарандараш

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон як мардро барои то дами марг задани духтарандари чаҳорсолааш дастгир кардаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 29-уми июл бо нашри баёнияе гуфт, ин сокини 35-солаи ноҳияи Ёвон ба “қасдан расонидани осеби сахт ба саломатӣ” гумонзад аст.

Ангезаи чунин рафтори ӯ маълум нест.

Дар баёния омадааст, “гумонбар рӯзи 27-уми июл бо латукӯби духтарандари 4-солааш дар хона ба ӯ ҷароҳатҳои вазнин расонд”.

Зоҳиран тифли захмиро як рӯз баъд аз латукӯб ва бад шудани аҳволаш хостаанд, ки ба шифохона баранд, вале ӯ дар роҳ фавтидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Мавқеи боздоштшуда ё пайвандонаш ба ҳодиса маълум нест.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар гузориши имсолаи худ гуфтааст, соли 2025 шаш муроҷиат дар бораи зӯроварӣ ба тифлон ё задани онҳоро сабт кард.

Дар гузориш омадааст, “ташвишовар аст, ки бештар шахсоне ба кӯдакон зӯроварӣ ё зулм мекунанд, ки тифлон онҳоро мешиносанд ё ба онҳо меҳр бастаанд.”

Аз ҷумла, моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе як ҷавони 33-соларо дастгир карданд, ки барои танбеҳ носи зиёдеро ба даҳони писарандари 6-солааш рехта, сабаби марги ӯ шуд.